“Фурӯш”-и шаҳдатнома барои шахси носолим. Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди корманди мизи ҳарбӣ дар Хуҷанд

Date:

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бар зидди як корманди мизи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд барои  гирифтани 22 ҳазор сомонӣ пора парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора Оҷонсӣ дар сомонаи худ хабар додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Абдуллоев И., мутахассиси бақайдгирии мизи ҳарбии Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзил”-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд бо як ҳамнасабаш – Абдуллоева М. дар соли 2020 барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ барои шахси носолим аз як шаҳрванд, ки аз ӯ А.А.И. ном бурда мешавад, 12 ҳазор сомонӣ гирифта, шаҳодатнома қалбакӣ додааст.

“Ғайр аз ин, Абдуллоев И.А. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи майи соли 2024 худро ба И.Ф. ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муаррифӣ карда, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ба номи бародараш И.М. 10 000 сомониро талаб карда гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намудааст”, – омадааст дар иттилоияи Оҷонсии зиддифасод.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло нисбати Абдуллоев И.А. ва дигарон барои қаллобӣ (моддаи 247, қисми 2, бандҳои а, б, в,г) ва сохтакорӣ ё тайёр кардан ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (моддаи 340, қисми 2, бандҳои б,в) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Оҷонсӣ исми ҳамдастони Абдуллоевро нагуфтааст ва танҳо ишора шудааст, ки нисбати “дигарон” ҳам бо ҳамин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Ҳамчунин, маълум нест, ки онҳо боздошт шудаанд ё не.

Зимнан, маълум нест, ки мурофиа баргузор шудааст ё не ва додгоҳ нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин кардааст.

Назари гумонбарон, наздиконашон ва вакили дифои онҳо маълум нест.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандолни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2023  бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кард. Он 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...