spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар се моҳ Тоҷикистон аз содироти барқ $7,3 млн ба даст овард

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 7,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ интиқол дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда 15% ё худ 2,4 млн доллар камтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 аст.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,3 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,6% зиёдтар нисбат ба се моҳи аввали соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар давраи тирамоҳу зимистон барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар ин давра Афғонистон шабонарӯзӣ то 40 МВт неруи барқ мегирад, ки тибқи арзёбии мутахаасисони “Барқи тоҷик”, “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ширкати барқи "Бришно"-и Афғонистон аз Тоҷикистон $33 миллион қарздор будааст

Дар назар аст, ки аз аввали моҳи апрел ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонистон то 400 МВт расонида шавад. Ҳамчунин бо фарорасии баҳор содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Афғонистон барои 1 киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент, Ӯзбекистон бошад – 2 сент маблағ пардохт мекунад.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда, Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки соли 2022 ба Афғонистон 1,5 млрд киловатт-соат ва ба Ӯзбекистон – 1,4 млрд киловатт-соат барқ интиқол медиҳад.

Раҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии нимаи моҳи феврал хабар дода буд, ки қарзи ширкати марбутаи энергетикии Афғонистон ба Тоҷикистон аз истифодаи барқ аз 33 млн доллар дар аввали соли 2022 то 27 млн доллар кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...