spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мавҷи инфиҷорҳо дар Афғонистон: Кобул, Балх, Кундуз ва Нангарҳор

Афғонистон зери ҳокимияти "Толибон" имрӯз шоҳиди чаҳор инфиҷор дар вилоятҳои Кобул, Балх, Кундуз ва Нангарҳор буд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ инфиҷори нахуст дар минтақаи Чаҳороҳаи Қамбари шаҳри Кобул рух дод.

‏Вазорати дохилаи Толибон мегӯяд, ки ду кӯдак дар натиҷаи ин инфиҷор захми сабук бардоштанд. Ба гуфтаи ин вазорат, ин инфиҷор аз минае будааст, ки дар як гулдони канори роҳ ҷосозишуда будааст.

Ҳамчунин бархе расонаҳои дигари Афғонистон аз рух додани  як инфиҷор дар масҷиди Седукони Мазори Шариф, дар масҷиди шиаён хабар додаанд.

Ба иттилои расонаҳо ин инфиҷор ҳангоми адои намоз дар ин масҷид рух додааст.  Гуфта мешавад, ки то кунун 15 кушта ва беш аз 60 захмӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки теъдоде аз бошандагони шаҳри Мазори Шариф барои додани хун ба захмиён ҳамла ба масҷиди Седукон, ба бемористони Абу Алӣ Синои Балхии ин шаҳр рафтаанд.

Ҳамчунин имрӯз як инфиҷори дигар дар наздикии сари давраи шаҳри Кундуз рух додааст, ки то кунун маълумоте дар мавриди талафот ва хисороти ин ҳодиса нашр нашудааст. Манбаъҳои “Омоҷнеюс” гуфтаанд, ки ин инфиҷор дар як мошин рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ин инфиҷор замоне рух додааст, ки барои бенавоён маводи ғизоӣ тақим мешуд. Бархе манбаъҳо шумораи кушташудаҳо дар инфиҷори Кундузро 3 нафар гуфтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин “Омоҷнеюс”  хабар медиҳад, ки масъулони маҳаллии Толибон дар вилояти Нангарҳор гуфтаанд, ки дар натиҷаи инфиҷори минаи канори роҳ дар вулусволии Хугиёни ин вилоят, ки мошине аз Толибонро ҳадаф қарор додааст, чаҳор неруи онҳо кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

Толибон то кунун дар мавриди инфиҷорҳои Мазори Шариф ва Кундуз чизе нагуфтаанд.

Рух додани ин инфиҷорҳо дар ҳолест, ки ду рӯз пеш инфиҷорҳои маргборе дар маркази омӯзишии "Мумтоз" ва мактаби "Абдулраҳим Шаҳид" дар ғарби Кобул, ки рух дода буд, ки дар ин минтақа умдатар мардуми ҳазора зиндагӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Тибқи маълумоте, ки то кунун ироа шудааст дар натиҷаи ин инфиҷорҳо беш аз 100 донишомӯз ҷон бохтаанд. Оморе, ки Толибон то кунун напазируфтаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...