Темур Зулфиқоров баъди унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи 1 гирифт

Date:

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид. Мукофоти давлатиро ба нависанда муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ супорид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар вазорат ба мо гуфтанд, ки айни замон адиби маъруфи Тоҷикистон Темур Зулфиқоров каме нотоб ҳастанд, ба ҳамин хотир ордени давлатиро дар хонааш ба ӯ тақдим карданд.

Пештар аз ин, рӯзи 29‑уми август Вазорати фарҳанги кишвар эълон кард, ки Темур Зулфиқоров унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст.

Бояд гуфт, 29-уми август, дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки ба як нафар унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуд. Он рӯз дар Иттифоқи нависандагон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки Мирзо Шукурзода, нависандаи дигари тоҷик унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст.

Дар Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар воқеъ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ба Темур Зулфиқоров дода шудааст, аммо то ҳол супорида нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ҳамаи унвонҳоро дар як рӯз намесупоранд, имрӯз ё пагоҳ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ба Темур Зулфиқоров супорида мешавад. Унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро танҳо Мирзо Шукурзода аз дасти президенти кишвар гирифтанд. Ба Темур Зулфиқоров имрӯз ё пагоҳ унвон тақдим мегардад”,‑ гуфтанд дар вазорат.

Ҳамчунин дар вазорат гуфтанд, ки баъди нисфирӯзии имрӯз, 4-уми сентябр, дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ баргузор мегардад. Аммо дақиқ нагуфтанд, ки ба Темур Зулфиқоров дар ин маросим унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон супорида мешавад ё не.

Дар вазорат гуфтанд, ки ба хотири вазъи саломатии Темур Зулфиқоров унвонро шояд намояндагони Ҳукумат дар хонааш рафта тақдим кунанд.

Тимур Зулфиқоров 17‑уми августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи муаллифи 30 китоб аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 12 забони хориҷӣ тарҷума шудасту шумори  нашрашон ба миллионҳо адад мерасад.

Сенарияи филмҳои  “Рояли Сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “ Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои Ишқ”, “ Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тилло”  ба қалами ӯ таалуқ дорад.  

Солҳои 1990 ва 2010 номзадии Темур Зулфиқоровро як нашриёти русӣ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешниҳод карда буд. Ӯро аз рӯйи  навишатҳояш, ки ба сабки Данте шоиру нависандаи маъруфи итолиёӣ монанд аст, “Данте”-и тоҷику рус мегӯянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...