Нигина Амонқулова: Унвони “Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон” дастоварди танҳо ман нест, балки аз кулли мардуми Тоҷикистон аст

Ду ҳафта қабл бо фармони Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик унвони “Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон” тақдим гардид. Нигина Амонқулова дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, замоне ки ба Ӯзбекистон сафар мекард, хабари унвон гирифтанашро фаҳмид ва дар аввал бовар намекард. “Вақте аз сарҳад гузаштем ба ман занги телефон шуд. Бардоштам, ки аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ду ҳафта қабл бо фармони Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик унвони “Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон” тақдим гардид.

Нигина Амонқулова дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, замоне ки ба Ӯзбекистон сафар мекард, хабари унвон гирифтанашро фаҳмид ва дар аввал бовар намекард.

“Вақте аз сарҳад гузаштем ба ман занги телефон шуд. Бардоштам, ки аз Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон будаанд ва гуфтанд, ки бо фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба шумо унвони “Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон” дода шуд. Дар аввал ба ҳолати “шок” афтода будам ва хеле хурсанд шудам чунки ин дастоварди танҳо ман нест, балки аз кулли мардуми Тоҷикистон аст”, ‑ иброз дошт Нигина Амонқулова.

Ӯ гуфт, ки ҳоло бо корҳои эҷодӣ машғул аст ва аллакай сабти якчанд сурудҳои навро оғоз кардааст.

“Дар нақша дорем, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Тошкент, Самарқанд ва Бухоро консертҳои бузург баргузор намоем. Омодагиҳоро аллакай шуруъ кардем ва умедворам, ки дар сатҳи баланд мегузаранд”, ‑ гуфт Нигина Амонқулова.

Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро аст. Ӯ соли 2006, вақте 20 сол дошт, тавассути озмуни эҷодиёти халқ – “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд. Ӯ ҳоло дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар бораи раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии хусусии Нигина Амонқулова дар матлаби зерини “Азия‑Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.