Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад

Аз 1 то 3-юми октябри соли 2024 дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ бо номи "Озар" баргузор мегардад. Дар ин фестивал 20 аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда за 40 ҳунарманд аз кишварҳои узви Шӯро ва 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар […]

Asia-Plus

Аз 1 то 3-юми октябри соли 2024 дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ бо номи "Озар" баргузор мегардад. Дар ин фестивал 20 аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда за 40 ҳунарманд аз кишварҳои узви Шӯро ва 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории фестивал дар шаҳри Истаравшан рамзи фестивал тасдиқ гардид.

Рамзи фестивал аз ситораи ҳашткунҷа ва унсурҳои ҳунарҳои бостонии Истаравшан иборат аст. 

Дар доираи фестивал баргузории намоиши маҳсулоти  ҳунармандони кишварҳои узви Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, косибону устоҳои шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин, ба шаҳри Истаравшан шаҳодатномаи “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” супорида мешавад.

Ин аввалин шаҳр дар Тоҷикистон аст, ки соҳиби шаҳодатномаи “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” –и Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.