Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе

Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст. Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. “Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, […]

Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.

“Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор саривақт дастгир карда шуд, вале ҳувияти ӯ ошкор карда намешавад.

ВКД менависад, ки бар зидди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Зимни суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ худи Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки "ҷойи нигаронӣ нест, саломатиям хуб аст".

Саидмукаррам Абдулқодирзода 61-сола буда, аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.