spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шикоятҳо аз фурӯши маҷбурии чиптаи 100-сомонаи клуби футболи “Ваҳдат”. Масъулин: иҷборӣ нест!

Бархе хонандагони мактабу коллеҷҳо, тарбиятгирандагони боғҷаҳо ва кормандони муасисаҳои буҷетии шаҳри Ваҳдат аз он нигаронӣ мекунанд, ки бошгоҳи футболи “Ваҳдат” билети солона (абонемент)-и тамошои бозиҳои дастаро иҷборан бо арзиши 100 сомонӣ мефурӯшад. Дар ҳукумати шаҳр ва бошгоҳи "Ваҳдат" фурӯши билетҳоро тасдиқ карданд, вале гуфтанд он иҷборӣ нест.

Шуморе аз волидони ин мактабхонҳои шаҳри Ваҳдат ба “Азия – Плюс” муроҷиат карда гуфтанд, ки масъулини шаҳр муаллимон ва мураббиёни мактабу коллеҷ ва боғчаҳоро маҷбур мекунанд, ки ин билети солонаро иҷборан бихаранд ва ба хонандагон бифурӯшанд.

Онҳо мегӯянд, ки харидани билет иҷборӣ аст, ҳатто дар мактабҳо аз 10 нафар 10-сомонии ҷамъ оварда як билет медиҳанд. 

Як манбаъи огоҳ аз қазия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки раҳбарии бошгоҳи футболи "Ваҳдат" ба теъдоди ҷойҳои нишасти варзишгоҳи марказии шаҳр, ки тақрибан 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад, ин билети солонаро нашр кардаву дар мувофиқа бо ҳукуматдорони шаҳр маҷбуран мефурӯшанд. 

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, аз мактабхонҳо ва дигар кормандони идораҳои буҷавӣ касе намепурсад, ки онҳо мехоҳанд ин билетро бихаранд ё не. 

Яке аз кормандони соҳаи маориф бо шикоят аз ин кор гуфт, ки ба мо маҷбурӣ билет мефрӯшанд.

– Боз кош арзон бошад, 100 сомонӣ аст. Мо кормандони буҷетӣ ҳудуди 700-800 сомонӣ маош мегирем. Бе ин ҳам маошам ба зиндагиамон намерасад, боз 100 сомонии онро билет гирем. Дар ҳоле ки на майли рафтан ба варзишгоҳ дорем ва на вақт. Вале маҷбуран оварда мефурӯшанд.

Бархе муаллимон ва хонандагон низ шиокят доранд, ки теъдоди зиёди ин чиптаҳоро бо супориши шуъбаи маориф оварда ба мактаб додаанд ва акнун онҳо маҷбуранд барои як билет 100 сомонӣ диҳанд.

Онҳо мегӯянд, акнун директорони мактаб аз ҳамаи муаллимон ва хонандагон 5-10 сомонӣ ҷамъ намуда, пули билетро медиҳанд.

Онҳо шикоят намуданд, ки маоши кам мегиранд, ки ба зиндагиашон басанда нест, болои ин харидани билет ва  даҳҳобилети дигар барои консерту театрҳо вазъи бе ин ҳам бади онҳоро бадтар мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бозигарони бошгоҳи "Ваҳдат", соли 2019

Дар Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат фурӯши билети солонаи бошгоҳи “Ваҳдат”- ро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, он маҷбурӣ набуда, танҳо дар ҳар як мактаб ба 2-3 омӯзгор додаанд.

Сардори шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Қосим Давлатзода дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки онҳо ин корро ба хотири дастгирии соҳаи варзиш ва дастаи футболи шаҳр- “Ваҳдат амалӣ кардаанд.

– Ба ягон хонанда маҷбурӣ билет нафурӯхтем. Дурӯғ мегӯянд. Ман худам аксияи футболро тақсим кардаам. Ба ҳар як мактаб як ё дунафарӣ афтодааст. Ҳеҷ касро маҷбур накардем, ин гап дурӯғ аст. Барои ягон талабаи мактаб билет фурӯхтагӣ нестам. Барои муаллимон додагӣ ҳастем. Барои як мактаб ба ду нафар. Дар баъзе макатбҳои калон се нафар. Ин барои устодону муаллимон буд. Барои дастгрии даста ва соҳаи варзиш буд. Мо дастгирӣ накунем, кӣ онҳоро дастгирӣ мекунад,-суол гузошт Давлатзода.

Ҳамчунин, аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат низ фурӯши билетҳоро аз ҷониби дастаи футболи “Ваҳдат” тасдиқ намуданд, вале гуфтанд, он муассисаи алоҳида буда, ба ҳукумати шаҳр итоат мекунанд ва чунин иқдомҳоро на бо онҳо, балки бо шаҳрдорӣ мувофиқа мекунад.

Аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат ҳозир нашуданд ин масъаларо шарҳ диҳанд. Яке аз муовинони раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода дар суҳбати телефонӣ баъди шунидани матлаби мо “ба муовини дигар, ки куратори  онҳо аст, муроҷиат кунед” гуфта телефонро хомӯш кард. Ба зангҳои такрори мо дар бораи он ки мушаххас дар ин маврид ба кадом муовини раиси шаҳр муроҷиат кунем, номбурда посух надод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамроҳ бо раҳбарии ФК "Ваҳдат" дар мулоқот бо раис ва муовини раиси шаҳри Ваҳдат

Аз дастаи футболи “Ваҳдат” ҳам фурӯши билетҳои солонаро бо нархи 100 сомонӣ ба муасиссаҳои буҷавӣ ва мактабҳо тасдиқ намуданд, вале гуфтанд ин иҷборӣ нест ва танҳо хоҳишмандон мехаранд.

Исо Ҳамидов, директори дастаи варзишии “Ваҳдат” дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки билети солона барои як сол воқеан ҳам 100 сомонӣ нарх дорад ва он танҳо барои ширкат дар бозиҳои дастаи “Ваҳдат” пешбинӣ шудааст.

Вале ӯ, гуфт, билетҳо маҷбурӣ нест ва ҳама бо розигии тарафайн- корхонаҳо аст.

Номбурда гуфт билетҳоро соҳибкорон аз онҳо мехаранд ва ба аҳолӣ тақсим намуда, дар бозиҳои ҳам хона ва ҳам дар сафар ширкат мекунанд.

– Ин билетҳо танҳо барои ширкат дар футбол аст. Мо агар дар як сол 20 бозӣ дошта бошем, дар асоси ҳамин билет дар ин бозиҳо ширкат мекунанд. Чиптаи як бозӣ барои аҳолӣ 5 сомонӣ меафтад. Чиптаи муқаррарӣ бошад аз 3 то 5 сомонӣ аст. Маҷбурӣ нест, – гуфт Ҳамидов.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, фурӯши билетҳои солона тариқи мактуби расмӣ бо ҳукумати шаҳр, шахсан бо  раиси шаҳри Ваҳдат мувофиқа шудааст.

Вай гуфт, на танҳо дастаи “Ваҳдат”, балки ҳамаи дастаҳои Лигаи якум ва олӣ бо фурӯши солонаи билет машғуланд ва ин кори ғайриқонунӣ нест.

Бошгоҳи футболи "Ваҳдат" соли 2016 таъсис шудааст ва дар Лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фурӯши иҷбории чиптаҳои солонаи як дастаи варзишӣ дар ҳолест, ки дар гузашта низ муаллимон, хонандагон ва бархе аз кормандони муасисаҳои давлатӣ аз фурӯши иҷбории чиптаҳо ба консерту театр ва обунаи маҷбурӣ ба расонаҳо шикоят мекраданд.

Шокирҷон Ҳакимов ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, ки қонунгузорӣ ҷалби маҷбурии ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимиро манъ кардааст. 

"Меъёрҳои мушаххасро Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи варзиш, фарҳанг ва илму маорифи Тоҷикистон муқаррар намудаанд. Инчунин, моҳияти чунин амал ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва боби 2 Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони мутаммадин низ мухолифат мекунад",-мегӯяд ин ҳуқуқшинос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...