“Груз-200” аз Украина. Ҷасади ду тоҷики дигарро ба Ватан оварданд

Date:

Ҷасади ду тоҷики дигарро, ки дар ҷанг бо Украина аз ҷониби Русия ширкат мекарданд, ба Ватан оварданд. Дар ин бора “Настояшее время” бо такя ба тарҳи “Мигрант медиа” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳар ду фавтида зодаи ноҳияи Ишкошим буданд. Айни ҳол, журналистон шахсияти танҳо як нафари онҳоро муайян кардаанд.

Ин нафар Содиқ Камбарови 36 сола будааст. Ба гуфтаи наздикон, мард дар Украина дар ҳайати артиши Русия меҷангид ва дар ҳамон ҷо кушта шуд. Расман, рӯзи фавти Камбаров 18 июл навишта шудааст.

Шахсияти нафари дуюмро ҳукумати ноҳия то ҳол эълон накардааст. Барои муайян кардани ин, “Мигрант медиа” ба ҳукумати ноҳия мактуби расмӣ ирсол карда, ҳоло посух нагирифтааст.

“Солҳои охир ҳар ду фавтида дар Русия зиндагӣ ва кор мекарданд. Бо эҳтимоли зиёд онҳоро маҳз дар ҳамон ҷо барои иштирок дар ҷанг ҷалб кардаанд” – хабар медиҳад “Настояшее время”. 

Ҳукумати ноҳияи Ишкошим дар навбати худ сокинонро аз хатари иштирок дар чунин ҷангҳо ҳушдор додааст.

МЕДИА (IFRAME)

"Омили дигаре, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, иштироки шаҳрвандони мо дар ҷангҳоаз ҷониби кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин хеле ташвишовар ва даҳшатнок аст. Амалҳои ҳамватанони мо обрӯи Тоҷикистон ва тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон паст мекунанд. Пеш аз ҳама, ин кори гуруӯҳҳои манфиатдори давлатҳои алоҳида аст, ки аз содалавҳӣ, камтаҷрибагӣ ва нодонии қисме аз ҷавонони мо истифода мебаранд», – менависад “Настояшее время” аз номи ҳукумати ноҳия.

Ба иттилои "Би-би-си" ва "Медиазона", ба ҳолати моҳи сентябри соли ҷорӣ 51 тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия ва Украина кушта шудаанд. Шумораи умумии низомиёни фивтидаи Русия 68 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...