Дар Душанбе “Иди себ ва ангур” баргузор мешавад

Рӯзи 28-уми сентябр дар “Боғи Ирам”-и пойтахт “Иди себ ва ангур” баргузор мегардад. Дар ин бора хабаргузории Ховар дар такя ба Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст. Ба навишти манбаъ дар иди мазкур кишоварзон аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон навъи гуногуни себу ангурро ба фурӯш мегузоранд. “…ҳадаф аз баргузории иди себ ва […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 28-уми сентябр дар Боғи Ирампойтахт Иди себ ва ангур баргузор мегардад. Дар ин бора хабаргузории Ховар дар такя ба Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст.

Ба навишти манбаъ дар иди мазкур кишоварзон аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон навъи гуногуни себу ангурро ба фурӯш мегузоранд.

“…ҳадаф аз баргузории иди себ ва ангур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши себу ангур ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан мебошад”,-омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар "Иди себу ангур" намоиши шарбат, афшура ва обмеваҳои аз ин маҳсулот тайёршуда ва гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон низ хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2019 дар бораи эълон намудани "Иди ангур ва себ" дар кишвар  фармон дода буд, ки мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр иди себ бояд баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар баробари иди мазкур дар Тоҷикистон иди тарбуз, харбузаву каду ва дигар навъи сабзавоту мева ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Имсол рӯзи 25-уми август дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ иди мазкур гузаронида шуд, ки кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва таомҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.