“Нони шарикӣ”-ро дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба баҳс мекашанд

Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе романи "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷикро, ки дар он паҳлeҳои мусбату манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст, ба баҳс мекашанд. Ин маҳфил рӯзи 28 сентябри соли 2024, соати 15:00 дар "Кохи афсарон" баргузор мегардад. Дар он мунаққидон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдуманнон Абдураҳмон мавзӯи "Тоҷикистон ва Русия: 100 соли ҳамзистӣ ва […]

Asia-Plus

Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе романи "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷикро, ки дар он паҳлeҳои мусбату манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст, ба баҳс мекашанд.

Ин маҳфил рӯзи 28 сентябри соли 2024, соати 15:00 дар "Кохи афсарон" баргузор мегардад.

Дар он мунаққидон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдуманнон Абдураҳмон мавзӯи "Тоҷикистон ва Русия: 100 соли ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ. Бурду бохт" (Андешаҳо дар мавзӯи романи Мирзонасриддин Саидзода)-ро ба баррасӣ мегиранд. 

Маҳфили мазкур аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст ва баъди қариб як соли таваққуф дубора баргузор мешавад.

Бояд гуфт, Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷик ахиран романи таърихие бо номи “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)” навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне паҳлуҳои мусбат ва манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст.

Чанде пеш "Азия-Плюс" бо муаллифи асар мусоҳиба баргузор кард, ки дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.