Роҳи самти Комбинати гӯшт, ки беш аз ду моҳ боз баста буд, қисман боз шуд

Маҳдудияти ҳаракати воситаи нақлиёт аз роҳи буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе, дар наздикии бинои “Шарқи озод” (ГЖК) то Комбинати гӯшт, ки шурӯъ аз 13 июли имсол ҷорӣ гардида буд, қисман бардошта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Бозкушоӣ баъд аз ба анҷом расидани […]

Маҳдудияти ҳаракати воситаи нақлиёт аз роҳи буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе, дар наздикии бинои “Шарқи озод” (ГЖК) то Комбинати гӯшт, ки шурӯъ аз 13 июли имсол ҷорӣ гардида буд, қисман бардошта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бозкушоӣ баъд аз ба анҷом расидани қисме аз корҳои таъмирӣ гуфта мешавад.

“Бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, бекор карда мешавад. Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилои раёсати ВКД-и  пойтахт.

Қаблан ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар дода буданд, ки роҳ аз чорроҳаи кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе дар назди ГЖК) то кӯчаи М.Маҳмадалӣ (гардиш ба Мясокомбинат) то 25-уми август баста мешавад.

Вале бо як моҳ таъхир имрӯз, 25 сентябр танҳо қисмате аз роҳ ба истифода дода шуд.

Баъди баста шудани роҳ автобусҳои №6 ва №42, инчунин маршруткаҳои №1 ва №11, ки бо ин роҳ равуо мекарданд, самти худро дигар карда, тариқи кӯчаҳои Абай, Фучик ва Соҳилӣ ҳаракат мекарданд. Акнуни ин нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи хатсайри пешин ҳаракат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.