Рашк ва нобоварӣ. Як ҷавонзани 33-сола шавҳарашро бо корд задааст

Як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он гумонбар мешавад, бо корд шавҳарашро захмӣ кардааст. Дар ин бора аз барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и ВКД иттилоъ дода мешавад. Дар навор аз ин зан Лутфия Сафариева, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ном бурда мешавад, ки рӯзи 28-уми августи соли равон “аз ҳиссиёти рашк […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он гумонбар мешавад, бо корд шавҳарашро захмӣ кардааст. Дар ин бора аз барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и ВКД иттилоъ дода мешавад.

Дар навор аз ин зан Лутфия Сафариева, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ном бурда мешавад, ки рӯзи 28-уми августи соли равон “аз ҳиссиёти рашк ва нобоварӣ” шавҳараш Фирӯзҷон Бердиевро бо корд задааст.

“Аз қаҳру ғазаб хостам, ки тариқи суд ҳеҷ чизро харида натавонад, сейфашро оташ задам, сумҳояш сухтанд. Шавҳарам омад дид, ки сейфаш оташ задагӣ аз қаҳру ғазаб гулуи маро қапид. Ман ҳам хостам худро аз дасташ халос кунам ё ин ки асабӣ будам, ки нохост бо кордча бо дасти рост ба пушташ задам. Як бор ба пушт як бори дигар ба куҷое аз дасташ буд, ҳаминқадар дар хотирам ҳаст”,- нақл мекунад Лутфия Сафариева дар навор.

Маълум нест, ки дар дохили сейф чӣ қадар маблағ буд ва он бо кадом роҳ ба даст оварда шудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки сухан дар бораи кадом суд меравад.

Ба гуфтаи манбаъ, Фирӯзҷон Бердиевро наздиконаш ба беморхона бурдаанд ва ӯ дар натиҷаи зарба бо корд “ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст”.

Нисбати Лутфия Сафариева барои сӯиқасд ба одамкушӣ ва одамкушӣ (моддаи 32 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷинотяӣ боз шуда, тафтишот аз ҷониби Додситонии ноҳияи Варзоб идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15-соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Назари наздикони ҳарду тараф ва вакилони дифои онҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.