Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар пайи як даргирӣ дар марз бо Ӯзбекистон се шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд. Ҷониби Ӯзбекистон то кунун дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаст.
Ин ҳодиса, 5-уми май дар мавзеи марзии Добо-Қурғони деҳоти Актами ноҳияи Алабукински вилояти Ҷалолобод рух додааст.
Бино ба хабари КДАМ Қирғизистон, дар ин даргирӣ се шаҳрванди яке 48-сола ва дуйи дигар 24 ва 22-солаи ин кишвар аз захми тир кушта шудаанд.
Бар пайи ин ҳодиса фармондеҳони марзбонии ноҳияи Алабукински Қирғизистон ва Янгиқурғони Ӯзбекистон мулоқот кардаанд ва ба тавофуқ расидаанд, ки имрӯз, 6-уми май пас аз таҳқиқоти хидматӣ низ дидор мекунанд.
Як моҳ қабл, 5-уми апрел ҳам дар натиҷаи чунин як даргирӣ ду шаҳрванди Қирғизистон аз сӯйи марзбонони Ӯзбекистон кушта шуда буданд. Ӯзбекистон гуфта буд, ки ин шаҳрванди Қирғизистон ба дунболи аспҳояшон ғайриқонунӣ ба марзи ин кишвар ворид шудаанд.