Ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон натавонистанд ба Ҷоми Осиё-2025 бароянд

Мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон (U-20) баъди шикаст аз дастаи Умон бо ҳисоби 1:3 ба Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифта натавонист. Дар бозии охирини марҳилаи итихобии мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик баъди шикаст аз Умон дар гурӯҳи Е ҷои сеюмро гирифтанд ва имкони баромадан ба Ҷоми Осиёро аз даст доданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон (U-20) баъди шикаст аз дастаи Умон бо ҳисоби 1:3 ба Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифта натавонист.

Дар бозии охирини марҳилаи итихобии мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик баъди шикаст аз Умон дар гурӯҳи Е ҷои сеюмро гирифтанд ва имкони баромадан ба Ҷоми Осиёро аз даст доданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва ягона голи Тоҷикистонро Меҳрубон Ҳамидов вориди дарвозаи рақиб кард.

Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “Е” аз 21 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор гардид. Тими милли ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи мазкур ҳамроҳ бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Умон, Малайзия ва Шри-Ланка қарор дошт.

Дар бозии аввал миллипӯшони тоҷик дар баробари Шри-Ланка бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуданд. Аммо дар даври дуюм Тоҷикистон аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб гашт.

Дар рақобати сеюм футболбозони тоҷик бо мушкили ва бо ягона голи Ҷовидон Хушвахтов дар дақиқаҳои охири бозӣ муқобили Малайзия ғолибият ба даст оварданд.

Миллипӯшони ҷавони тоҷик бо ду ғалаба ва ду бохт соҳиби 6 имтиёз шуда, дар гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни футболбозони то 20-сола дар 10 гурӯҳ баргузор шуда, бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ дастаҳои зинаи якум ва панҷ мунтахаби беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Мусобиқоти мазкур аз 6 то 23 феврали сола оянда дар Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби футболи ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон аз соли 2016 ин тараф бори аввал ба Ҷоми Осиё роҳ наёфт. Онҳо ин бор таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич рақобат карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023, ки дар Ӯзбекистон гузашта буд, мунтахаби ҷавонони то 20-солаҳои кишвар ширкат карданд. Аммо зинаи сеюмро дар гурӯҳ соҳиб шуда, ба марҳилаҳои финалӣ баромада натавонистанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио