Дар Думаи давлатӣ барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои нав пешниҳод шуд

Думаи давлатии Русия 1 октябр ба баррасии панҷ ташаббуси қонунгузорӣ оғоз мекунад, ки ба сангинтар намудани сиёсати муҳоҷират равона шудаанд. Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар шабакаи Телеграми худ хабар додааст. Қонунгузорон аз ҷумла чунин тадбирҳо пешниҳод кардаанд: 1. Содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷире, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор дорад, […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия 1 октябр ба баррасии панҷ ташаббуси қонунгузорӣ оғоз мекунад, ки ба сангинтар намудани сиёсати муҳоҷират равона шудаанд. Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар шабакаи Телеграми худ хабар додааст.

Қонунгузорон аз ҷумла чунин тадбирҳо пешниҳод кардаанд:

1. Содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷире, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор дорад, ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо эътироф карда  шавад.

2. Ба ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил кардани ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва таъин кардани ҷазо барои ин амал дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол; ҷарима ба маблағи аз 3 млн то 5 млн рубл.

3. Муқаррар намудани чораҳои ҷавобгарии зиёд барои сохтакорӣ, тайёр кардан ё гардиши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, инчунин барои ҷиноятҳои марбут ба  бақайдгирии қалбакӣ ва ба қайд гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ. Барои ин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 6 сол пешбинӣ мешавад; барои шахсони ҳуқуқӣ – ҷарима аз 5 млн то 10 млн рубл бо мусодираи амвол (барои такроран содир кардан – аз 10 млн то 60 млн рубл бо мусодира).

4. Ҷорӣ намудани қатъи ғайридодгоҳии дастрасӣ ба манбаъҳои (сомонаҳои) интернетӣ, ки дар онҳо оид ба хизматрасониҳои ғайриқонунӣ барои муҳоҷирон ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани мақоми муҳоҷират пешниҳодҳо ҷой дода шудаанд.

5. Манъи иштирок намудани ташкилотҳои миёнарав дар қабули имтиҳонҳо аз муҳоҷирон.

Тавре ки Володин бо истинод ба маълумоти ВКД Русия таъкид кардааст, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ 4573 далели сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ошкор шудааст.

«Ҳамаи ташаббусҳои дар боло зикршуда бояд ҷиҳати ба тартиб овардани сиёсати муҳоҷират мусоидат кунанд», — гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки пас аз амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл», ки ба содир намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд, вакилони парлумони Русия як қатор ташаббусҳои қонунгузориро пешниҳод карданд. Онҳо ба шадидтар кардани қонунгузории муҳоҷират ва маҳдуд намудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия равона шудаанд.

Вакилон аз ҷумла, дар мавриди манъи ба Русия овардани оилаи муҳоҷирон, бо маоши зиёда аз 100 ҳазор рубл кардани онҳо ба сифати боррасон (курйер), харидани силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматикӣ) ба онҳое, ки ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва инчунин уҳдадор кардани муҳоҷирон ба пардохти пешакии  пули билети бозпас баргаштан ба ватан пешниҳодҳо карданд.

Ҳамчунин Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи аз шаҳрвандии дарёфта маҳрум намудан барои рад кардани ба қайди ҳарбӣ гузоштан қабул кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио