Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

Имрӯз, 7-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Маскав сафар мекунад. Ин сафар то 8-уми октябр идома хоҳад кард. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони кишварҳои ИДМ мулоқотҳои дуҷониба […]

Asia-Plus

Имрӯз, 7-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Маскав сафар мекунад. Ин сафар то 8-уми октябр идома хоҳад кард. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони кишварҳои ИДМ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русияро хабаргузории "РИА Новости" ҳам бо такя ба ВКХ Тоҷикистон нашр кардааст.

Қаблан, 5-уми октябр хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Владимир Путин дар номаи табрикоташ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибат зодрузаш дар бораи вохӯрии онҳо, ки дар Маскав дар “рӯзҳои наздик” баргузор мешавад, ёдоварӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон тасдиқ кардааст ки Шавкат Мирзиёев 7-8 октябр бо сафари корӣ ба Москва меравад, то дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иштирок кунад.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров низ тасдиқ кардааст, ки 7-8 октябр ба Русия сафар мекунад, то дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намояд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҳамасола дар моҳи октябр баргузор мешавад. Дар ҷаласаи имсола сарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд ва қарорҳое дар бораи раисии ин созмон дар соли 2025 қабул хоҳанд кард.

Феълан раисии ин Шӯроро Русия ба уҳда дорад ва дар ин саммити дар пешистода раиси он ба Тоҷикистон супорида мешавад.

Инчунин, дар рӯзномаи саммит муроҷиат ба халқҳои кишварҳои ИДМ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита бо 80-солагии Ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ ва таҳкими ҳамкориҳои интегратсионӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.