Туркия шахсияти нафаронеро, ки дар Анқара амали террористӣ анҷом доданд, эълон кард

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия шахсияти яке аз ташкилкунандагони ҳамлаи террористӣ дар Анқараро эълон карда, тасдиқ намуданд, ки ӯ узви Ҳизби Коргарони Курдистон мебошад (дар Туркия ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта мешавад). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая иттилоъ дод, менависад Би-Би-Си. Ба иттилои манбаъ, номи гумонбар ба ҳамлаи террористӣ Алӣ Орек, тахаллусаш Ройгер […]

Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия шахсияти яке аз ташкилкунандагони ҳамлаи террористӣ дар Анқараро эълон карда, тасдиқ намуданд, ки ӯ узви Ҳизби Коргарони Курдистон мебошад (дар Туркия ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта мешавад). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая иттилоъ дод, менависад Би-Би-Си.

Ба иттилои манбаъ, номи гумонбар ба ҳамлаи террористӣ Алӣ Орек, тахаллусаш Ройгер аст ва узви Ҳизби Коргарони Курдистон мебошад.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ инчунин шахсияти як зани дигарро, ки дар ин ҳамлаи террористӣ иштирок дошт, муайян карданд. Ӯ низ узви Ҳизби Коргарони Курдистон будааст.

Анкара Ҳизби Коргарони Курдистонро масъули ҳамла ба қароргоҳи ширкати аэрокосмикии TAI дар наздикии Анқара медонад, ки дар он дастикам панҷ нафар кушта шуданд.

Туркия эълом кард, ки артиши кишвараш ба объекти воқеъ дар Сурия ва Ироқ, ки бо Ҳизби Коргарони Курдистон иртибот дорад, зарбаҳои мушакӣ задааст.

Тибқи изҳороти фармондеҳии низомии Туркия, дар натиҷаи зарбаҳо ба иншооти Ҳизби Коргарони Курдистон 59 нафар, ки дар Анқара онҳоро террорист меноманд, кушта шудаанд.

Ба навиштаи нирӯҳои курдии Сурия, бар асари зарбаҳои ҳавоии Туркия дар шимол ва шарқи ин кишвар дастикам 12 нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-юми октябр дар бинои истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои низомӣ ва таҷҳизоти кайҳонии TUSAŞ як амали террористӣ рух дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.