Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини “Бунёди Сорос” дар Амрико даргузашт

Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон, дар Амрико даргузаштааст. Ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ муқими Амрико шуда буд. Наздикони хонаводаи Алмаз Сайфиддинов рӯзи 24-уми октябр ба “Азия-Плюс” марги ӯро тасдиқ карданд. Сабаби марги ӯ то ҳол маълум нест. Ба қавли пайвандонаш, ҷасади Алмаз Сайфиддиновро ба Душанбе оварда, ба хок месупоранд. […]

Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон, дар Амрико даргузаштааст. Ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ муқими Амрико шуда буд.

Наздикони хонаводаи Алмаз Сайфиддинов рӯзи 24-уми октябр ба “Азия-Плюс” марги ӯро тасдиқ карданд. Сабаби марги ӯ то ҳол маълум нест.

Ба қавли пайвандонаш, ҷасади Алмаз Сайфиддиновро ба Душанбе оварда, ба хок месупоранд.

Алмаз Сайфиддинов аз ҷумлаи иқтисоддонҳои тоҷик буд, ки андешаҳояшро дар мавзуъҳои иқтисодӣ ва мушкили ҷомеа баён карда, дар "Фейсбук" саҳифаеро бо номи “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” роҳандозӣ карда буд ва ҳар навигарии иқтисодӣ ва андешаву таҳлилҳои худро онҷо нашр мекард.

Вай солҳои 2016 то 2021 раҳбарии шӯрои “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.