Дархости паноҳгоҳи 70 зану кӯдак аз як созмони ҷамъиятӣ дар Суғд

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба як созмони ҷамъиятие дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 70 кӯдаку зан бо дархости пешниҳоди паноҳгоҳ муроҷиат кардаанд. Созмони ҷамъиятии Маркази  занон – “Гулрухсор”, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият карда, ба занону кӯдакон кӯмак мерасонад, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 40 зан ва 30 кӯдак паноҳгоҳ ё паноҳгоҳи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба як созмони ҷамъиятие дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 70 кӯдаку зан бо дархости пешниҳоди паноҳгоҳ муроҷиат кардаанд.

Созмони ҷамъиятии Маркази  занон – “Гулрухсор”, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият карда, ба занону кӯдакон кӯмак мерасонад, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 40 зан ва 30 кӯдак паноҳгоҳ ё паноҳгоҳи муваққатӣ додааст.

Муяссара Мавлонова, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18  адад кам мебошад.

Тибқи иттилои ӯ, дар умум ба ин созмони ҷамъиятӣ дар ин давра 1 ҳазору 702 нафар бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла дастрасӣ ба ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ муроҷиат кардаанд. Теъдоде ҳам аз ин созмон барои пайдо кардани ҷойи кор ва пешгирӣ аз хушунат кӯмак хостаанд.

Аммо мушкили дастрасӣ ба манзил мубрамтарин масъалае будааст, ки муроҷиаткунандагон дар ин созмон матраҳ мекардаанд.

Бояд гуфт, ин созмон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, асосан ба занҳову кӯдаконе, ки дар пайи пошхӯрии оилаҳо бесарпаноҳ мемонанд, дасти кӯмак дароз мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.