Раиси Кумитаи дин: “Манъи ришу ҳиҷоб тартиботи дохилии муассисаҳо аст”

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон манъи гузоштани ришу пӯшидани ҳиҷоб дар бархе корхонаҳои давлатиро “тартиботи дохилии муассисаҳо” унвон кард. Ӯ ин нуктаро дар ҳошияи конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” иброз дошт. Дар ин конфронс, ки рӯзи 29-уми октябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон […]

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон манъи гузоштани ришу пӯшидани ҳиҷоб дар бархе корхонаҳои давлатиро “тартиботи дохилии муассисаҳо” унвон кард.

Ӯ ин нуктаро дар ҳошияи конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” иброз дошт.

Дар ин конфронс, ки рӯзи 29-уми октябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои озодии динӣ ва эътиқод дар кишвар бо ҳузури мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва адёни гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси кумитаи дини кишвар дар сӯҳбати ҷудогона бо рӯзноманигорон гуфт, то кунун дар кишвар ягон нафар аз рӯи боварҳои диниаш мавриди табъиз қарор нагирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, қонуни асосӣ ҳама гуна озодиҳои динӣ ва эътиқодро таъмин кардааст ва ҳар шаҳрванд метавонад озодона ба ҳар дине гаравад.

Вай дар мавриди он ки дар муассисаҳои давлатӣ ба гирифтани риш ва набастани сатр ба мусулмонон таъкид мешавад, кӯтоҳ иброз дошт, ки “он ҳама тартиботи дохилии муассисаҳои ҷудогона аст”.

 

Муфтӣ: Конститутсия озодиҳои диниро кафолат медиҳад

Дар конфронс Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки “Конститутсияи Тоҷикистон озодии дин ва арзишҳои онро кафолат медиҳад”.

“Вақте ки кас ба муҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон бо назари эътибор менигарад, бе шакку шубҳа иқрор мешавад, ки инсон ва ҳуқуқҳои фитрии он аз рӯзи таваллуд то дами марг аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешавад”, – гуфт муфтии Тоҷикистон.

Ӯ бо такя ба моддаи 8-уми Конститутсия гуфт, “ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнӯъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд”.

Абдулқодирзода аз ҳеҷ гуна “иттиҳодияҳои ҷамъиятии мамнӯъ” ном набурд, вале таъкид кард, ки “дар Тоҷикистон фазои озоди андешаи динӣ тибқи талаботи Конститутсия ташаккул ёфта, ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ амалӣ мегардад”.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз маҳдуд будани озодиҳои дин ва эътиқоди шаҳрвандон дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Чанде пеш дар Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид гардид ва дар асоси тарҳи нави қонуни мазкур дар кишвар “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ карда шуд.

Пас аз қабули ин тағйирот ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ кард, ки ин ба озодиҳои динӣ, ба вижа ба пӯшидани сатру ҳиҷоб маҳдудияти расмӣ ҷорӣ мекунад.

Баъдан Созмони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights – IPHR) ҳам дар эъломияе маҳдудият дар шеваи либоспӯширо “хилофи меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии баён ва озодии пайравӣ аз дин ё эътиқод” донист.

То кунун Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом, Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR) ва Комиссияи байнулмилалии Амрико  дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) низ ин тасмими Тоҷикистонро интиқод карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август ин вокунишҳоро "иғвоангез" номид. Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.