РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?

  Дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ баҳисобгирии электронии Рақами мушаххаси андозсупоранда роҳандозӣ шудааст. Акнун РМА-ро аз хона метавон фармоиш дод. Дар ин бора Кумитаи андоз дар Телеграм-канали худ бо нашри дастурамали наворӣ хабар додааст.  Сорбон Вазирзода, сардори раёсати қонунгузории андоз ба “Азия-Плюс” гуфт, ташаббуси мазкур дар раванди рақамкунонии хадамоти андозӣ бо мақсади сода кардани […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ баҳисобгирии электронии Рақами мушаххаси андозсупоранда роҳандозӣ шудааст. Акнун РМА-ро аз хона метавон фармоиш дод. Дар ин бора Кумитаи андоз дар Телеграм-канали худ бо нашри дастурамали наворӣ хабар додааст. 

Сорбон Вазирзода, сардори раёсати қонунгузории андоз ба “Азия-Плюс” гуфт, ташаббуси мазкур дар раванди рақамкунонии хадамоти андозӣ бо мақсади сода кардани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ роҳандозӣ шудааст.

“Имрӯз ба шаҳрвандон барои гирифтани РМА вақту пул сарф карда, ба нозироту идораҳои андоз омадан шарт нест, онҳо метавонанд ин ҳуҷҷатро электронӣ, ҳамагӣ дар чанд дақиқа дастрас кунанд. Фикр мекунам барои шаҳрвандон ин бисёр содаву қулай аст ва аз онҳо хоҳиш мекунем, ки аз модули электронӣ васеъ истифода баранд”, – гуфт 

РМА-и электрониро дар сомонаи Кумитаи андоз – andoz.tj ба даст овардан мумкин аст. “Азия-Плюс” раванди кори сомонаро санҷид.

Барои гирифтани РМА дар сомонаи andoz.tj тугмаи “Шахсони воқеӣ”-ро пахш карда, “Баҳисобгирии РМА”-ро интихоб кунед. Дар экран равзана бо аризаи электронӣ кушода мешавад. 

Дар ариза мебояд ному насаби гирандаи РМА, ном ва насаби падар ё модари ӯ, номи мақомоти андози маҳалли истиқомат, ҷинсият, санаи таваллуд ва навъи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва рақаму санаи онро қайд намуд. 

 

Дар қисми дуюм бошад, акси шахсӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва нусхаи шаҳодатнома ё шиносномаро боргузорӣ намуда, суроғаи ҷойи зист ва рақами телефону суроғаи электронии худи гирандаи РМА ё волидони ӯ ва маълумот дар бораи падар ё модарашро ишора кардан лозим аст.

 

Воқеан, боргузории акси “ҳуҷҷати иловагӣ” ҳатмӣ набуда, шаҳрвандон метавонанд ҳар ҳуҷҷати иловагие, ки барои тасдиқи шахсияташон дуруст мешуморанд, илова кунанд.

Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, ҷавоби он тариқи СМС-паёмак ба телефони ишорашуда фиристода мешавад. Дар ҳолати қабул шудани дархост, РМА бо паёмак фиристода мешавад. Ҳангоми рад гардидани он бошад, дар паёмак асосҳои қабул нашудани дархост навишта мешавад ва шаҳрванд метавонад номутобиқативу хатоҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, дубора дархост фиристад.

Ҳамчунин, шахси тасдиқшудаи гувоҳнома дар бораи гирифтани РМА дар шакли PDF ба почтаи шумо ирсол мегардад. 

Бояд гуфт, муддати охир ин аксари хизматрасониҳои давлатӣ электронӣ шудаанд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ раванди сабти таваллуд ва фавт, гирифтани иҷозатнома барои ҷашну маросим, журналу рӯзнома дар мактабу донишгоҳҳо ва хизматрасониҳои дигари соҳаи маориф рақамӣ карда шудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.