Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаҳои ду низоми пардохт – MoneyGram Payment Systems, Inc. ва БЭСТ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома фаъолияти MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк) қатъ мешавад.
Бо ҳамин сабаб амали иҷозатномаи ширкати “БЭСТ”, ки моҳи августи соли 2019 дода шудааст, низ қатъ мегардад.
Дар ин робита, идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намояд.
Мувофиқи маълумоти БМТ, то ин дам дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ 17 номгӯй зикр шуда буд. Акнун шумори онҳо 2 адад кам мешавад, яъне 15 ададро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвар 4 низоми пардохти ватанӣ (Корти милли, Осон, Атласпэй, ExpressPay) амал карда, боқимонда – низомҳои байнулмилалии пардохтӣ, аз ҷумла Western Union, Visa, Mastercard, CONTACT, Юнистрим UnionPay, MoneyGram, БЭСТ мебошанд.