“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул

Сокинони ду бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки пулиси Душанбе 13-уми октябр дар бораи худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудани ин биноҳо иттилоъ дода буд, зимни муроҷиатномае ба унвони додситони кулли кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба “доди онҳо расанд ва онҳоро дар кӯча нагузоранд”. Бори аввал дар бораи ин […]

Asia-Plus

Сокинони ду бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки пулиси Душанбе 13-уми октябр дар бораи худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудани ин биноҳо иттилоъ дода буд, зимни муроҷиатномае ба унвони додситони кулли кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба “доди онҳо расанд ва онҳоро дар кӯча нагузоранд”.

Бори аввал дар бораи ин биноҳо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, гуфта буд, ки он “худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо” аз ҷониби Ҷамшед Азизмуҳаммадзода, як сокини 38-солаи Душанбе сохта ва ба 16 нафар фурӯхта шудааст. Ҳоло Ҷамшед Азизмуҳаммадзода дар ҳабс аст.

Сокинони ин бино даъво доранд, ки ҳангоми хариди хонаҳо тамоми расмиёти қонуниро дар мақомоти давлатӣ гузаштаанд. Ва тамоми ин муддате, ки дар бино зиндагӣ доранд, пардохтҳои ҳатмӣ ва андозро пардохт кардаанд.

Дар номаи дастаҷамъонаи сокинон, ки ба “Азия-Плюс” расид, гуфта мешавад, “4-уми ноябри соли ҷорӣ чанд нафар ба назди бинои мо омада, аввал ҳамчун кормандони ҳукумати шаҳри Душанбе ва сипас кормандони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки бинои истиқоматиамон бинобар ғайриқонунӣ ва худсарона сохта шудан бартараф карда мешудааст ва мо бояд дар муҳлати се шабонарӯз хонаҳоямонро тарк намоем”.

Дар мактуби дастаҷамъона зикр шудааст, ки баъдтар ба онҳо қарори холӣ кардани хонаҳо бо имзои Ш.Сафарзода муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур нишон дода шудааст. Дар он санад, ба қавли сокинон  зикр шудааст, ки то 23-юми ноябр хонаҳоро холӣ кунанд.

Сокинони ин ду бино мегӯянд, ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карда, расидагӣ ба мушкилашонро хостаанд, аммо бенатиҷа будааст.

Аз ин лиҳоз, ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар муроҷиат карда, хоҳиш доранд ба доди онҳо расанд ва дар зимистон онҳоро дар кӯча нагузоранд.

“Мо даъвое надорем, фақат мехоҳем ҳуқуқҳоямон ҳимоя шаванд. Маблағе, ки мо барои хариду таъмири хонаҳоямон сарф кардем, ҷуброн шавад. Ва ин 80-90 аъзои оилаҳо дар фасли зистон дар кӯча намонанд”, – мегӯянд сокинони ин биноҳо.

Бояд гуфт, мақомот нисбати соҳибмулк Ҷамшед Азизмуҳаммадзода мувофиқи моддаҳои 340 (Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо), 247 (Қаллобӣ) ва 338 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, тафтишот мебарад.

Сокинон мегӯянд, онҳо дар ин парванда ҷабрдида эътироф шудаанд ва ҳуҷҷатҳои соҳибмулкии онҳо бекор ё беэътибор дониста нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.