Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд

Дар пайи тармафароӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як нафар ҷон бохта, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса соати 9-и субҳи 20-уми ноябр, дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба “Азия-Плюс”  хабар дода, гуфтанд, ки марди ҳалокшуда 55 сол доштааст, аммо ҳуввияти […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар пайи тармафароӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як нафар ҷон бохта, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса соати 9-и субҳи 20-уми ноябр, дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба “Азия-Плюс”  хабар дода, гуфтанд, ки марди ҳалокшуда 55 сол доштааст, аммо ҳуввияти ӯ ошкор нашудааст.

Кормандони КҲФ ҷасади марди ҷонбохтаро ҳоло ҷустуҷӯ доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз ду нафари дигари зери тармамонда Диловар Умаров ва Алишер Ҷумъаев ном бурда, таъкид кардааст, ки онҳо тавонистаанд ҷон ба саломат баранд.

Алишер Ҷумъаев бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба гуфтаи КҲФ ҳамаи сокинони зери тарма монда барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта будаанд.

Бояд гуфт, рӯзҳои охир дар минтақаҳои кӯҳии кишвар барфу борони зиёд борид. Дар пайи ин, КҲФ ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки барои эмин мондан аз хатари тарма аз рафтан ба кӯҳҳо ва ҷойҳои хатарнок худдорӣ кунанд.

Ҳамасола дар фаслҳои зимистону баҳор дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар пайи фаромадани тарма сокинон зарар мебинанд ва гоҳе ҳам ба ҳалокат мерасанд.

Яке аз серқурбонитарин ҳодисаи тармафароӣ моҳи феврали соли 2023 дар ВМКБ сабт шуд, ки дар пайи он 18 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.