Дар Тоҷикистон ситоди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ таъсис ёфт

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шавад. Мувофиқи ин санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорату адлия нашр шудааст, Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар бояд  то санаи 5-уми ҳар моҳ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шавад.

Мувофиқи ин санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорату адлия нашр шудааст, Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар бояд  то санаи 5-уми ҳар моҳ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ уҳдадор мешавад ба:

– мунтазам мавриди таҳлил қарор додани механизмҳои арзёбӣ кардани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба суръат бахшидан ба татбиқи саривақтии он ва таъмини амнияти иттилоотӣ;

– таҳия ва тасдиқи нақшаи кори худ дар муҳлати як моҳ;

– пешниҳоди маълумот ба ҳукумат аз натиҷаи фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда то санаи 10-уми ҳар моҳ.

Гуфта мешавад, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор карда шудааст.

Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ иборат аст аз:

1. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ;

2. Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;

4. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;

6. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

14. Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

16. Сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Сармутахассиси маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби масъули Ситод).

Ёдрас мекунем, ки бо фармони Президент аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд ва тамоми ниҳоду корхонаҳои давлатӣ бояд ба низоми пардохти ғаринақдӣ гузаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.