Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб марги мармузи Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини 37 солаи ин шаҳрро шарҳ дод ва гуфт, дар робита ба ҳодисаи мазкур комисияи махсус таъсис ёфтааст ва сабаби марги ӯро маълум хоҳад кард.
Дирӯз, 4-уми январи соли равон, ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов дар робита ба муайян кардани сабабҳои марги ӯ муроҷиат карданд.
“Комиссияи махсус барои таҳқиқ ва муайян кардани ҳодиса ва сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов таъсис ёфт, алҳол он кор бурда истодааст ва дар доираи қонун муайян мекунанд, ки бо чӣ сабаб ӯ (Абдуқаҳҳор Розиқов-муаллиф) фавтидааст”, – гуфт раиси шаҳри Кӯлоб.
Ба иттилои наздикони оилаи Абдуқаҳҳор Розиқов, се нафар корманди милисаи ШВКД дар минтақаи Кӯлоб, ки ӯро дастгир ва ба боздоштгоҳ овардаанд, муваққатан дар боздоштгоҳи ШВКД-и минтақавӣ ба муҳлати 72 соат боздошт шудаанд.
Тасдиқи ин маълумот аз манобеи дигар имоннопазир аст ва мақомот ҳам боздошту муваққатан дар боздоштгоҳ будани кормандони милисаро шарҳ надодаанд.
Ба қавли наздикони марҳум, кормандони милисаҳоро барои паст шудани қаҳру ғазаби наздикони нафари фавтида ва ягон осеб надидан аз онҳо муваққатан боздошт карданд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 3-юми январ, даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб карданд.
Радиои Озодӣ менависад, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт.
Дар ҳамин ҳол, ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милисаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Пиронов Акбар Самадқулович ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир ва аз ӯ 356 гр ҳашиш дарёфт карда шуд.
Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст.
Дар изҳороти ВКД таъкид мешавад, ки 3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, аз хонаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
“Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, – навишт ВКД.