Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд

Date:

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 13,5 миллион сомонӣ нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия сохта мешавад. Пули ин нерӯгоҳҳо аз ҷониби Институти рушди технологияи Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун грант ҷудо шудааст.

Дар Вазорати энергетика ва зихараҳои об ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки созишнома дар хусуси бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия аз ҷониби Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Лим Бюнг, директори Институти рушди технологияи Корея рӯзи 9-уми декабр, дар Душанбе ба имзо расид.

Тибқи созишномаи мазкур, дар шаҳрҳои Исфара ва Хоруғ бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 3 МВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо қувваи 0,5 МВт/с ба нақша гирифта шудааст.

Дар вазорат гуфтанд, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия аз ҷониби Корея маблағи грантӣ ба андозаи 13,5 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.

“Мувофиқи созишнома дар шаҳри Хоруғ соли 2025 нерӯгоҳи офтобӣ ва дастгоҳи захиракунандаи энергия бунёд мешавад. Дар шаҳри Исфара аз рӯйи нақша нерӯгоҳ ва дастгоҳи захиракунандаи энергия соли 2026 сохта мешавад”, – гуфтанд дар вазорати энергетика.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин барнома таъмини беҳтари сокинони ин вилоятҳо бо қувваи барқ, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Ҷумъа ва Лим Бюнг

Ёдовар мешавем, ки қаблан корпоратсияи China Datang-и Чин сохтмони неругоҳи офтобиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иқтидори 500 мегаватт ба уҳда гирифт.

Қобили зикр аст, ки вилояти Суғд аз лиҳози таъминот бо барқ ба иқтидорҳои барқӣ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дорад. Ягона неругоҳи барқи обии амалкунанда дар минтақа НБО “Қайроққум” мебошад, ки иқтидораш 126 мегаваттро ташкил медиҳад. Ба аҳолии ин вилоят дар фасли зимистон бо маҳдудият барқ интиқол меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...