Чин дар шимоли Тоҷикистон бо иқтидори 500 МВт неругоҳи офтобӣ месозад

Корпоратсияи China Datang-и Чин сохтмони неругоҳи офтобиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иқтидори 500 мегаватт ба нақша гирифтааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Масъалаи мазкур дар вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи “China Datang”-и Чин дар Осиёи Марказӣ Ван Хао мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иттилои […]

Корпоратсияи China Datang-и Чин сохтмони неругоҳи офтобиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иқтидори 500 мегаватт ба нақша гирифтааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Масъалаи мазкур дар вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи “China Datang”-и Чин дар Осиёи Марказӣ Ван Хао мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, корпоратсияи “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин аст. Ширкат ҳамчунин ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ машғул аст.

Қобили зикр аст, ки вилояти Суғд аз лиҳози таъминот бо барқ ба иқтидорҳои барқӣ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дорад.

Ягона неругоҳи барқи обии амалкунанда дар минтақа НБО “Қайроққум” мебошад, ки иқтидораш 126 мегаваттро ташкил медиҳад.

Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки дар баробари неругоҳҳои барқи обӣ (гидроэнергетика), ба масъалаи азхудкунии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергеияи офтоб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

«Дар кишвар зиёда аз 200 рӯз шиддати баланди шуои офтобӣ вуҷуд дорад», – хулоса мекунанд дар вазорат.

Қаблан зикр гардида буд, ки ният доранд чунин истгоҳро наздик ба кони ангишти Шӯроб бунёд кунанд. Аммо арзиши аслии энергияи марказҳои барқу гармидиҳӣ чандин маротиба зиёдтар аз энергияи нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад, зеро барои истеҳсоли он сӯзишворӣ (ангишт, газ, мазут ва ғайра) истифода мешавад.

Ғайр аз ин, дар муқоиса бо дигар нерӯгоҳҳо, зарари марказҳои барқу гармидиҳӣ ба муҳити зист нисбатан назаррас аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.