Роҳи кӯчаи А.Қаҳҳоров дар Душанбе баста ва самти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тағйир ёфт

Дар шаҳри Душанбе аз 13 июл ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи А.Қаҳҳоров қатъ шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, роҳ аз чорроҳаи кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе дар назди ГЖК) то кӯчаи М.Маҳмадалӣ (гардиш ба Мясокомбинат) то 25 август […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 13 июл ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи А.Қаҳҳоров қатъ шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, роҳ аз чорроҳаи кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе дар назди ГЖК) то кӯчаи М.Маҳмадалӣ (гардиш ба Мясокомбинат) то 25 август баста мешавад.

“Автобусҳои №6 ва №42, инчунин маршруткаҳои №1 ва №11, ки бо ин роҳ равуо мекарданд, акнун тариқи кӯчаҳои Абай, Фучик ва Соҳилӣ ҳаракат мекунанд”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои дигар кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Дар шаҳрдории пойтахт харитаи муваққатии алтернативии ҳаракати автобус ва маршруткаҳоро пешниҳод карданд.

Ёдрас мекунем, ки кӯчаи А.Қаҳҳоров дар пойтахт бар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ мешавад.

Аз ҷумла, дар ин ҷо васеъ кардани роҳ, иваз кардани рӯйпӯш, сохтмони обпартоҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Барои бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон чароғҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонгузории амудӣ ва уфуқӣ ва дигар воситаҳои муҳофизат пешбинӣ шудаанд.

Дар ин кӯча сохтмони роҳҳои дуқабата (дусатҳа) ба нақша гирифта шудааст: дар буриши хиёбонҳои С.Шерозӣ, Ҳ.Шерозӣ ва кӯчаи А.Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаҳои А.Ҷомӣ ва А.Қаҳҳоров ва дар буриши кӯчаҳои Абай ва А.Қаҳҳоров.

Ҳамчунин, дар болои дарёи «Душанбе» аз кӯчаи Ҷануби-Ҳалқавӣ (Южно-Обходная) то кӯчаи А.Қаҳҳоров сохтмони пули автомобилгард бо дарозии умумии 2,57 км ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи роҳандозии корҳои таъмиру навсозӣ  баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин мутобиқ сохтани роҳҳои пойтахт ба меъёрҳои байнулмилалӣ унвон шудааст.

Чӣ гуна тағйир ёфтани симои кӯча ва роҳи кӯчаи А.Қаҳҳоров дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.