Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!

Як санҷиши кормандони Хадамоти алоқа нишон додааст, ки дар бархе меҳмонхонаҳои пойтахт суръати интернет хеле суст буда, нигаронии меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳонро ба бор овардааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз суръати пасти интернет хусусан, дар “меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” интиқод карда гуфтааст, ки “таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет даро ин меҳмонхонаҳо фарсуда, корношоям ва ё […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Як санҷиши кормандони Хадамоти алоқа нишон додааст, ки дар бархе меҳмонхонаҳои пойтахт суръати интернет хеле суст буда, нигаронии меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳонро ба бор овардааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз суръати пасти интернет хусусан, дар “меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” интиқод карда гуфтааст, ки “таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет даро ин меҳмонхонаҳо фарсуда, корношоям ва ё куҳна шудааст, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, иқтидори таъмин намудани интернети баландсуръатро надоранд”.

Ин мушкил дар як ҷаласа бо ширкати Аҳлиддин Муртазозода, муовини раиси Хадамоти алоқа, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони Интернет баррасӣ шуд.

Дар он масъалаҳои навсозӣ кардани таҷҳизоти техникӣ баррасӣ шуда, ба намояндаҳои меҳмонхонаҳои Душанбе талаб шудааст, ки меҳмонҳои хориҷиро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунанд.

Бояд гуфт, мушкили суръати пасти интернет натанҳо дар меҳмонхонаҳо, балки дар ҳама соҳаҳои дигар низ ба назар мерасад. Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмиллалии суръати интернет зинаҳои охирро касб кардааст ва мардум ҳам аз сатҳу сифати ва нархи интернет дар кишвар ҳамеша шикоят мекунанд.

Чанде пеш Хадамоти алоқаи кишвар бори дигар аз кори ширкатҳои мобилӣ интиқод карда, ҳушдор дода буд, ки дар сурати беҳтар нашудани интернету алоқа бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандешӣ мекунанд.

Бег Сабур, раиси ин ниҳод рӯзи 26-уми ноябр дар мулоқот бо ширкатҳои мобилӣ бо ишора афзоиши муроҷиатҳои сокинон аз паст будани сифати алоқа ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ шадидан изҳори нигаронӣ карда буд.

Аммо баъди интиқоди ӯ ҳам сокинон аз минтақаҳои кишвар ба “Азия-Плюс” навиштанд, ки бо хомӯш шудани барқ интернету алоқа аз кор мемонанд ва ё хеле заиф кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки то 1 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 4,5 млн нафар корбарони интернет ва қариб 7,2 млн адад муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 5,4 млн нафари онҳо фаъол мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.