Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар пазируфта намешаванд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, гуфтаанд, ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд. Гуфта мешавад, ба ҷонибдории ин қонун 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобили он […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар пазируфта намешаванд.

Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, гуфтаанд, ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд. Гуфта мешавад, ба ҷонибдории ин қонун 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобили он баромадааст.

Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.

Гузаштан аз санҷиши забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон ройгон буда, тартиби онро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад. 

Вакилони Думаи давлатии Русия теъдоди дақиқи кӯдакони муҳоҷирро, ки дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, нагуфтаанд. Аммо қаблан Ирина Яровая, муовини раиси Дума гуфта буд, дар мактабҳои Русия беш аз 200 ҳазор фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дарс мехонанд.

Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи Крокус дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.

Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.