Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон

Аз оғози сол дар доираи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ба 112 ҳазору 689 оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 67 млн 613 ҳазору 400 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд. Тавре ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли ҷорӣ ба гурӯҳҳои гуногуни оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 600 сомонӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз оғози сол дар доираи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ба 112 ҳазору 689 оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 67 млн 613 ҳазору 400 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.

Тавре ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли ҷорӣ ба гурӯҳҳои гуногуни оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 600 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.

Аз ҷумла, ба оилаҳои зерин:

–  ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 3 нафар зиёд кӯдакони синни то 16-сола доранд, ба маблағи 50,9 млн сомонӣ;

– ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 2 нафар зиёд шахсони маъюб доранд, ба маблағи зиёда аз 883 ҳазор сомонӣ;

– ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пироносоли синни аз 65-сола боло доранд, ба маблағи 15,8 млн сомонӣ.

Маблағи умумии кумаки якдафъаина зиёда аз 67,6 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҷараёни гирифтани кумак ва шартҳо

Кумакпулии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба сарони оилаҳое дода мешавад, ки ба талаботи зикршуда мувофиқ меоянд. Дар сурати беморӣ, вафот ва ё муваққатан дар маҳали зисти доимӣ набудани сардори оила, шахси муътамади ӯ маблағи кумакпулиро дар асоси ваколатнома гирифта метавонад. Ваколатнома аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия дода мешавад.

Пардохти кумакпулӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасони “Амонатбонк” дар маҳалли зисти гирандаи кумакпулӣ анҷом дода мешавад. Инчунин, “Амонатбонк” дар асоси руйхати ном ба номи электрониии гирандагони кумакпулӣ, ки аз ҷониби Агентӣ пешниҳод карда мешаванд, маблағи кумакпулиро ба ҳисоби шахсии гирандагони кумакпулӣ, ки дар филиалҳои “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳо кушода мешаванд, интиқол медиҳад.

Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ тавассути гранти байнулмилалӣ маблағгузорӣ шуда, ба дастгирии оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ равона шудааст.

Созишнома дар ин хусус бо Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба маблағи 35 млн доллар моҳи июни соли 2023 ба имзо расида буд.

Оё шумо камбизоатед? Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо “Чӣ тавр метавон муайян кард, ки шумо камбизоатед?” қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.