Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст

Як созмони рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аз Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки парвандаи Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик, ки ду ҳафта пеш 10 сол равонаи зиндон шуд, бознигарӣ карда шавад. Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” дар Кӯлоб тобистони соли гузашта аввал бо иттиҳоми пешниҳод ришва дастгир ва баъдан бо чанд айбнома, аз ҷумла ифротгароӣ мутаҳҳам […]

Asia-Plus

Як созмони рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аз Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки парвандаи Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик, ки ду ҳафта пеш 10 сол равонаи зиндон шуд, бознигарӣ карда шавад.

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” дар Кӯлоб тобистони соли гузашта аввал бо иттиҳоми пешниҳод ришва дастгир ва баъдан бо чанд айбнома, аз ҷумла ифротгароӣ мутаҳҳам ва 10-уми январи соли равон 10 сол равонаи зиндон шуд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дирӯз, 24-уми январ бо нашри як муроҷиатнома гуфтааст, ки “бинобар ошкор ва расонаӣ шудани ҳолатҳои нав дар қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим– сармуҳаррири нашрияи “Пайк” он мавриди бознигарӣ қарор бигирад”.

Чанд рӯз пеш, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон иваз шуданд.

Дар ин нома, ки бо имзои Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман ба ду ниҳод ирсол шуд, аз ҷумла омадааст, ки “муроҷиати Аҳмади Иброҳим ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва силсилаи маводи радиои “Озодӣ” ва вокуниши созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи журналистон ба бозбинии ҳукми ӯ водор мекунанд".

Раиси ин созмон бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо додрасҳо садо дод, гуфтааст, ки "мутаассифона, баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд. Чунин камбудиҳо дар ҷараёни тафтишот низ эҳтимолан ба назар расанд".

“Бинобар ин, аз Прокуратураи генералӣ, ҳамчун мақоми волои назоратӣ ва Суди Олии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш дорем, ки сару садоҳо ва ҳолатҳои нав пайдошударо дар робита ба қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим ҳамаҷониба таҳқиқ намоянд, то бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ волоияти қонун ва адолати судӣ нисбат ба шаҳранд ва журналист татбиқ карда шавад”, -омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳукми Аҳмади Иброҳим пас аз як рӯзи додхоҳии ӯ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир гардид.

Ӯ дар он нома навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

“Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”, – навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш.

Аҳмади Иброҳим ҳамаи иттиҳомро рад карда, боздошташро кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” номида, вале аз касе ном нагирифт.

Аҳмади Иброҳим  62-сола аст. Ӯ соли 2012 нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақил дар вилояти Хатлонро номнавис кард, аммо дар бештар аз 10 соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.

Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио