Раисҷумҳури Қирғизистон: “Сокинони хонаҳое, ки дар сарҳад бо тартиби шоҳмот ҷойгиранд, кӯчонида мешаванд”

Масъалаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон қариб пурра ҳал шуда, ҳоло корҳои дуҷониба барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо идома доранд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар мусоҳиба бо хабаргузории «Кабар» изҳори назар кардааст. "Пас аз анҷоми ин корҳо, санадҳоро комиссияҳои байниҳукуматӣ  ва сипас вазирони корҳои хориҷӣ имзо мекунанд. Баъди ҳамаи ин расмиёт, созишнома аз […]

Asia-Plus

Масъалаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон қариб пурра ҳал шуда, ҳоло корҳои дуҷониба барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо идома доранд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар мусоҳиба бо хабаргузории «Кабар» изҳори назар кардааст.

"Пас аз анҷоми ин корҳо, санадҳоро комиссияҳои байниҳукуматӣ  ва сипас вазирони корҳои хориҷӣ имзо мекунанд. Баъди ҳамаи ин расмиёт, созишнома аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар тасдиқ карда мешавад. Баъдан санадро мо – президентҳои ҳарду кишвар ба имзо мерасонем. Баъд табодули нотаҳо сурат мегирад. Танҳо пас аз ин боз 1-2 соли дигар корҳои аломатгузорӣ амалӣ мешаванд. Ва танҳо баъди ин, раванд пурра ба анҷом мерасад", – шарҳ додааст ӯ.

Ба гуфтаи сарвари давлати кишвари ҳамсоя, аз ҳама муҳимтаринаш он аст, ки ҷонибҳо ба созиши дуҷониба расидаанд.

Садир Жапаров зикр кардааст, ки ҳалли масъала бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар сурат гирифтааст.

«Ҳангоми ҳалли баҳсҳои марзӣ байни ду кишвар, наметавон танҳо манфиатҳои якҷонибаро ба назар гирифт. Қарор танҳо дар ҳолате қабул мешавад, ки манфиатҳои ҳарду ҷониб ба инобат гирифта шаванд. Мо тақрибан ҳазор километр марз дорем. Дар бисёр минтақаҳо қитъаҳои баҳсӣ буданд. Дар баъзе мавридҳо ин қитъаҳо баробар тақсим карда шуданд.

Ғайр аз ин, мо деҳаҳои наздимарзӣ дорем, ки бо хонаҳои омехта монанди тахтаи шоҳмот ҷойгир шудаанд. Ин масъаларо низ танзим кардем. Дар акси ҳол, ҳифзи марз барои ҳар ду ҷониб нороҳатии зиёдро ба бор меовард. Агар дар тарафи мо хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта бошанд, Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад. Агар хонаҳои мо дар тарафи онҳо қарор дошта бошанд, мо шаҳрвандони худро мекӯчонем. Ба онҳо бо назардошти андозаи қитъаҳои заминҳояшон, дар ҷойи дигар хона сохта медиҳем. Бо ҳамин тартиб, масъалаҳо бо назардошти ҳар як метри замин ҳал шуданд», – изҳор доштааст ӯ.

Президенти Қирғизистон илова намудааст, ки пас аз оғози корҳои аломатгузорӣ маълумоти пурра пешниҳод хоҳад шуд.

 

Таърихи масоили марзӣ

Гуфтушунидҳо оид ба таъйин намудани хатти марзи умумӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда буданд. То соли 2022 онҳо номунтазам ва бо танаффусҳои тӯлонӣ гузаронида мешуданд.

Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо муноқишаҳо рух медод, ки хидматчиёни ҳарбӣ ҳам иштирок мекарданд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёси мусаллаҳона бо иштироки хидматчиёни ҳарбӣ рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд. Аз соли 2021 бо қарори ҷониби Қирғизистон сарҳад байни кишварҳо баста шуд.

Муноқишаи ахири бузургмиқёс ҷонибҳоро водор намуд, ки ба ҷараёни гуфтушунидҳо суръат бахшанд. Аз тирамоҳи соли 2022 то имрӯз оид ба масъалаи таъйину аломатгузории сарҳад байни кишварҳо даҳҳо вохӯриву гуфтушунид гузаронида шуданд.

Тибқи муворфиқаи дуҷониба ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ бонавбат дар Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида мешаванд. Тафсилоту ҷузъиёти ин вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо ифшо намешаванд.

Моҳи декабри соли 2024 ҳамраисони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, раисони КДАМ-и кишварҳо Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар бораи пурра ба анҷом расидани муайян кардани қитъаҳои боқимондаи сарҳад хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.