Истиқлол. Соҳибони “хонаҳои бесоҳиб” пайдо шуда, аз додани манзилҳояшон ба ниёзмандон норозигӣ кардаанд

Раванди додани “хонаҳои бесоҳиб” ба ниёзмандон дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) вилояти Суғд ба бунбаст рафтааст. Баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳое, ки солҳо бесоҳиб буданд, соҳибони хонаҳо пайдо ва манзилҳои худро соҳибӣ кардаанд. Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Раванди додани “хонаҳои бесоҳиб” ба ниёзмандон дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) вилояти Суғд ба бунбаст рафтааст. Баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳое, ки солҳо бесоҳиб буданд, соҳибони хонаҳо пайдо ва манзилҳои худро соҳибӣ кардаанд.

Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, ки солҳо боз бесоҳиба буданд, ба тавозуни ҳукумат гузаронанд ва ба ниёзмандони навбати хона диҳанд.

Вале раиси шаҳр дирӯз, дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди барӯйхатгирии хонаҳо ва пешниҳод онҳо ба додгоҳ барои гузаронидан ба тавозуни ҳукмутаи шаҳр “соҳибмулкон ба шаҳри Истиқлол ҳозир шуданд ва тамоми санаду асноди вобаста ба манзилро ба коммисия пешниҳод карданд”.

“Вақте дари як хонаро муҳр задем, баъди як ҳафта соҳибаш аз Русия пайдо шуда омад ва гуфт, ки 25 сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Сабаби дар муҳоҷират буданашро шаҳр дода гуфт, ки мехоҳад давлати пирияшро дар зодгоҳ гузаронад. Дар дасти ӯ тамоми санадҳои тасдиқкунандаи соҳибмулк буд. Дигар соҳибмулкон ҳам ҳамин корро карданд”, – гуфт Қаюмҷон Маҳмудзода.

Ҳоло қарори додгоҳро мунтазиранд, ки чӣ хулоса мекунад ба тавозуни ҳукумати шаҳр мегузаронад ва ё не.

Бояд гуфт, тибқи қонунгузории ҷории кишвар, манзисли зист моликияти хусусии шаҳрванд буда, бе розигии ӯ мусодира кардани он иҷозат дода намешавад. Албатта, дар ҳолатҳои истисноие, ки қонун майян кардааст, аз ҷумла бо қарори додгоҳ.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Истиқлол дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он ҷо солҳои пеш ақаллиятҳои гуногуни зиёд зиндагӣ доштанд. Баъдан, теъдоде аз онҳо шаҳрро тарк карданд ва хонаҳои онҳо холӣ монд.

Тобистони соли гузашта мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода гуфта буд, ки агар қарори суд содир шавад ин манзилҳо ба ниёзмандоне,  ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зиддифасод аввал собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дертар Баҳодур Ахмедов, сокини шаҳри Бӯстонро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кард, ки мехостанд ин хонаҳои бесоҳибро бо ҳуҷҷатгузории қалбакӣ ба “шиносҳояшон” фурӯшанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.