Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) 68 номзад аз 6 ҳизби сиёсии кишварро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта, ба онҳо иҷоза дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии палумон вориди корзори интихоботӣ шаванд. Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил […]

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) 68 номзад аз 6 ҳизби сиёсии кишварро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта, ба онҳо иҷоза дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии палумон вориди корзори интихоботӣ шаванд.

Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата интихоб мешаванд.

КМИРТ мегӯяд, дар маҷмуъ, 70 номзад пешниҳод шуда буд. Ду номзаде, ки ба қайд гирифта нашуданд аз Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мебошанд. Ин ҳизб дар анҷумани худ дар моҳи декабри соли гузашта 5 номзад пешниҳод кард, вале КМИРТ танҳо 3 нафарро ба қайд гирифт.

Аз ин ҳизб сабаби ба қайд нагирифтани ду номзадро шарҳ доданд.

“Яке аз номзадҳо бо фармони президент раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид ва бо ҳамин номзадиашро бозхонд кард. Шахси дигар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ номзадиашро бозхонд ва аз як ҳавзаи якмандатаи вилоят Суғд номзадиаш пешниҳод гардид”, – шарҳ доданд аз ҲДТ.

Ҳамин тариқ, КМИРТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ бо таносуби зерин номзадҳои ҳизбҳоро ба қайд гирифт:

Ҳоло маълум нест, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ чанд номзад аз ҳавзаи якмандата барои ширкат дар интихобот пешниҳод шудаанд ва чанд нафари онҳоро КМИРТ ба қайд гирифтааст. Аз КМИРТ чунин иттилоъро барои мо пешниҳод накарданд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.

То ҳол ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, аз ҳафтаи дигар таблиғи номзадҳо оғоз мешавад.

Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократӣ як курсигӣ доранд.

ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.

Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.