Дар меҳмонхонаи “Серена Душанбе” таҳти унвони “Ҳунари хаттотии халқи тоҷик ва осори хаттии Шарқ” намоишгоҳ ба кор оғоз намуд.
Ҳадаф аз баргузории он – намоиш ва таблиғу ривоҷи ҳунари хаттотӣ (хушнависӣ)-и мардуми тоҷик, шоҳкориҳое мебошад, ки дар осорхонаву китобхона ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.
Касоне, ки хоҳиши тамошо аз ин намоишгоҳро доранд, метавонанд ба таври зинда бо малакаҳои хаттотони муосири Тоҷикистон, Чин, Ҷопон, Корея, Эрон ва Афғонистон аз наздик ошно шаванд.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ “Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг” ташкил шуда, тамошои он бепул аст.