Аз Маскав то Вашингтон. Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ба номзади худ ба вакилии парлумон овоз диҳанд?

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар робита ба ин Тоҷикистон дар 28 давлати дунё 36 ҳавзаи интихоботӣ ташкил кардааст, ки дар он шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ кору фаъолият мекунанд ба ҷонибдории номзади худ ба вакилии парлумон овоз дода метавонанд. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар робита ба ин Тоҷикистон дар 28 давлати дунё 36 ҳавзаи интихоботӣ ташкил кардааст, ки дар он шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ кору фаъолият мекунанд ба ҷонибдории номзади худ ба вакилии парлумон овоз дода метавонанд.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

“Ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо риояи қонунгузории Ҷумуҳрии Тоҷикистон танҳо дар дохили биноҳои сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд. Шаҳрвандони кишвар метавонанд бо шиноснома ба ҳавзаҳо ҳозир шаванд ва райъ диҳанд”, – гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки шароити зарурӣ барои баргузории интихобот дар хориҷи кишвар барои шаҳрвандони кишвар фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки то интихоботи парлумонӣ дар соли 2015 сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа ҳақ доштанд, то якчанд ҳавзаи интихоботӣ дар ҳудуди як кишвар таъсис диҳанд.

Баъдан дар асоси тағйироте, ки ба Қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар моҳи март ва моҳи июли соли 2014 ворид карда шуд, ҳавзаҳои раъйдиҳӣ танҳо дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таъсис дода мешаванд.

Бар асоси ин тағйирот вазифаи раиси комиссияи ҳавзавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иҷро менамояд.

Мо ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии дар хориҷ ташкилкардаи Тоҷикистонро рӯйхат кардем, ки бо ин метавонед дар зер шинос шавед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио