Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд

Date:

Дар Душанбе барои омода кардани мутахассисони метро ва роҳи оҳан Маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис медиҳанд. Дар он ронандагони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати метро ва вагонҳои роҳи оҳан ба омӯзиш ва такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба навишти манбаъ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар бо Канг Синг Хон, директори дафтари Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Корея (КОICА) рӯзи 26-уми феврал таъсиси ин марказро баррасӣ кардааст.

Пешниҳоди таъсиси маркази омӯзишӣ барои мутахассисони роҳи оҳан ва метро аз ҷониби Канг Синг Хон манузур шуда, онро вазири нақлиёти Тоҷикистон дастгирӣ кардааст.  

“Ҷонибҳо иброз намуданд, ки барои иҷрои уҳдадориҳое, ки барои татбиқи лоиҳа пешбинӣ шудаанд, тамоми чораҳои амалиро сари вақт ва бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ амалӣ менамоянд”,-омадааст дар хабарнома.

Дар хусуси кай таъсис ёфтани маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос маълумот дода нашудааст.

Дар ин дидор Азим Иброҳим гуфтааст, ки ҳоло Тоҷикистон ва Корея 4 лоиҳаи хурду бузургро дар самти роҳу нақлиёт якҷоя амалӣ  мекунанд, ки яке аз онҳо ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён” мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур 14-уми январи соли 2025 бо дастгирии КОICА шуруъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон азм дорад дар якҷоягӣ бо мутахассисони кореягӣ дар Душанбе метрои зеризаминӣ бунёд кунад. Қаблан, Вазорати нақлиёт аз омодагӣ ба оғози сохтмони метро дар Душанбе дар тобистони соли 2025 хабар дода буд.

Метро дар Душанбе зеризаминӣ мешавад ва ба иттилои ин ниҳод аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи ҷанубӣ) ба марказ – то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад. Дар назар аст, ки Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...