Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд

Дар Душанбе барои омода кардани мутахассисони метро ва роҳи оҳан Маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис медиҳанд. Дар он ронандагони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати метро ва вагонҳои роҳи оҳан ба омӯзиш ва такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст. Ба навишти манбаъ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Душанбе барои омода кардани мутахассисони метро ва роҳи оҳан Маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис медиҳанд. Дар он ронандагони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати метро ва вагонҳои роҳи оҳан ба омӯзиш ва такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба навишти манбаъ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар бо Канг Синг Хон, директори дафтари Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Корея (КОICА) рӯзи 26-уми феврал таъсиси ин марказро баррасӣ кардааст.

Пешниҳоди таъсиси маркази омӯзишӣ барои мутахассисони роҳи оҳан ва метро аз ҷониби Канг Синг Хон манузур шуда, онро вазири нақлиёти Тоҷикистон дастгирӣ кардааст.  

“Ҷонибҳо иброз намуданд, ки барои иҷрои уҳдадориҳое, ки барои татбиқи лоиҳа пешбинӣ шудаанд, тамоми чораҳои амалиро сари вақт ва бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ амалӣ менамоянд”,-омадааст дар хабарнома.

Дар хусуси кай таъсис ёфтани маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос маълумот дода нашудааст.

Дар ин дидор Азим Иброҳим гуфтааст, ки ҳоло Тоҷикистон ва Корея 4 лоиҳаи хурду бузургро дар самти роҳу нақлиёт якҷоя амалӣ  мекунанд, ки яке аз онҳо ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён” мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур 14-уми январи соли 2025 бо дастгирии КОICА шуруъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон азм дорад дар якҷоягӣ бо мутахассисони кореягӣ дар Душанбе метрои зеризаминӣ бунёд кунад. Қаблан, Вазорати нақлиёт аз омодагӣ ба оғози сохтмони метро дар Душанбе дар тобистони соли 2025 хабар дода буд.

Метро дар Душанбе зеризаминӣ мешавад ва ба иттилои ин ниҳод аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи ҷанубӣ) ба марказ – то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад. Дар назар аст, ки Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио