Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

Дирӯз, 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи вакилони халқ баргузор гашт. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) бо нашри як иттилоия гуфт, то соати 12:00 59% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд ва он “баргузоргардида ҳисобида шуд”. Тибқи қонунгузории кишвар, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир […]

Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи вакилони халқ баргузор гашт. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) бо нашри як иттилоия гуфт, то соати 12:00 59% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд ва он “баргузоргардида ҳисобида шуд”.

Тибқи қонунгузории кишвар, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Дар баёнияи дигар,  ки шоми дирӯз КМИРТ нашр кард, интихоботро “шаффоф ва ошкоро” унвон карда, гуфтааст, ки  “дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашуд”.

Тасдиқи дурусти ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо ғайриимкон аст. КМИР ба хабаргузории “Азия-Плюс” барои пӯшиши раванди интихобот иҷоза надод ва аз ироа ҳар гуна иттилоъ ҳам худдорӣ мекунад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соати 20:00 анҷом ёфт ва натиҷаҳои пешакии он имрӯз, 3-юми март соати 10:00 дар Китобхонаи миллӣ эълон хоҳанд шуд.

Интихоботи имсоларо танҳо нозирони ИДМ ва СҲШ дар ҳайти 230 кас назорат карданд. Ба ҳайати нозирони ИДМ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбакистон, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, Ассамблеяи парлумонии СПАД ва Кумитаи иҷроияи ИДМ шомиланд.

Онҳо мисли солҳои қаблӣ низ интихоботи имсоларо “шаффофу озод ва демократӣ” хонданд.

Вале имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.

Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.  

Ҳамчунин, имсол чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC ҳам аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд. КМРИТ бо баҳонаи гузаштани муҳлати сабти ном ба онҳо иҷозаи бозтоби интихобтро надод.

Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соли ҷорӣ бо иштироки 6 ҳизби сиёсӣ баргузор шуд. Чанд номзади мустақил ҳам кориди корзори интихоботӣ ҳастанд. Дар умум, барои 63 курсии пурлумони Тоҷикистон 220 номзад, аз ҷумла 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза бурданд.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, берун аз кишвар дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи 6 ҳизбе, ки вориди корзори интихоботӣ шудаанд, аз мавқеи ҳукумат ошкори пинҳон пуштибонӣ мекунанд. Барномаҳои аксари онҳо ҳам ба ҳам шабоҳатҳои зиёд дорад.

Ягона ҳизби расман амалкунанда – Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот иштирок намекунад ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надодааст.

Дар парлумони ҳамакнун собиқ, аз 63 курсӣ аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб буд. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.

ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио