Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъин шуданаш табрик гуфтааст.
Ҳамчунин, ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид кардааст.
“Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид”, – афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии СААД-ро барои мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифтааст.