Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот мекунад

Шоми дирӯз, 16-уми март сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт ва интизор меравад, ки имрӯз, 17-уми март бо Влдаимир Путин, президенти Русия мулоқот кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки  Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Маскав Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия пешвоз гирифт. […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 16-уми март сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт ва интизор меравад, ки имрӯз, 17-уми март бо Влдаимир Путин, президенти Русия мулоқот кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки  Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Маскав Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия пешвоз гирифт.

“Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд. Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд”, -навиштааст хадамот..

Манбаъ гуфтаст, ки имрӯз, 17-уми март дар Кремл мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, инчунин, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, изҳороти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми марти соли равон бо як сафари расмӣ ба Русия рафт ва он то 17-уми март давом мекунад.

Қаблан хабар хадамоти матуботи раиси ҷумҳури Русия хабар дода буд, ки рӯзи 15-уми март мулоқоти ғайрирасмии президентҳои  Тоҷикистон, Русия ва Белорус баргузор шуд.

Манбаъ навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмии худ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

“Роҳбарони кишварҳо дар ин гуфтугӯ масъалаҳои муҳими рушди равобити байнидавлатиро баррасӣ кардаанд. Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки рӯзи 9-уми май дар Маскав мулоқот кунанд”, – гуфта мешавда дар хабарнома.

Бори охир Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Русия рафта буд. Ӯ дар ин сафар бо Владимир Путин мулоқот ва баъзе масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ карда буд.

Дар Русия камтар аз 1 млн муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳамеша аз бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуҳояшон аз сӯи мақомоти Русия нигаронӣ мекунанд. Баъди ҳодисаи "Крокус" ин чиз бештар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.