Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон барои 1,3 млн оилаи камбизот дар шаш соли охир қариб 950 млн сомонӣ ҷудо кардааст. Соли равон барои тақрибан 223 ҳазор оилаи камбизоат қариб 264 млн сомонӣ ҷудо  шудааст, ки ба ҳар як оила дар ҳаҷми 825 сомонӣ дода мешавад. Дар ин бора Соима Муҳабатова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар чорабинии […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои 1,3 млн оилаи камбизот дар шаш соли охир қариб 950 млн сомонӣ ҷудо кардааст. Соли равон барои тақрибан 223 ҳазор оилаи камбизоат қариб 264 млн сомонӣ ҷудо  шудааст, ки ба ҳар як оила дар ҳаҷми 825 сомонӣ дода мешавад. Дар ин бора Соима Муҳабатова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар чорабинии “Тавозун” иттилоъ дод.

Ӯ дар ҳузури намояндагони мақомоти давлаӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон гуфт, кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат кӯмакпулӣ дар ду намуд, кӯмакпулии яквақтаина ва кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт мешавад.

Ҳаҷми кӯмакпулии иҷтимоӣ, ки дар 6 соли охир барои оилаҳои камбизоат ҷудо карда шуд.

Ба гуфтаи Соима Муҳабатова, андозаи КУИ дар соли 2025 барои як оила 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст, ки ин 825 сомонӣ аст. Ин кӯмакпулӣ барои як сол буда, дар се моҳ як маротиба пардохта мешавад.

Ҳаҷми ҳаҷми кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ бо назардошти нишондиҳанда барои  ҳисоб дар соли охир.

Бояд гуфт, илова ба 825 сомоние, ки дар 12 моҳ пардохт мешавад, агар оилаи камбизоат 1 кӯдаки то 16-сола дошта бошад, ду ва зиёда маъюб ва ё пиронсоли аз 80-сола боло дошта бошад, 150 сомонӣ, яъне ду нишондиҳанда иловатан пардохта мешавад.

 

Дар Тоҷикистон чӣ қадар камбизоат ҳаст?

Гуфта шуд, дар зарфи 25 сол сатҳи камбизоатӣ дакр кишвар аз 81% ба 21,5% коҳиш ёфтааст. Яъне соли 1999 дар кишвар 81% аҳоли ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда, пас аз 10 сол – соли 2009 ин ҳисса 46,7%-ро ташкил додааст. Ин нишондод соли 2010-ум 45% ва соли 2023-юм 21,5 % муайян гардидааст, ки ин омор то имрӯз нав нашуда, дар соли 2024 низ ҳамин теъдод гуфта мешавад. Яъне тақрибан 2 миллион шаҳрванд камбизоат будаанд.

Аммо намояндаи вазорат шарҳ дод, ки ин 21,5 фоизе, ки гуфта мешавад, камбизоатии умумӣ буда, камбизоатии фақр дар кишвар 10 фоизро ташкил медиҳад, ки ба супориши ҳукумат то соли 2030 бояд ин 10 фоиз тамоман аз байн бурда шуда, камбизоатии умумӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад.

Намояндаи вазорат ҳамчунин илова кард, ки ҳолатҳои қонунвайронкунии шаҳрвандон низ барои ба даст овардани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ кам нест ва чандин ҳолати бардурӯғ камбизоат номнавис гардидани оилаҳо низ ошкор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, нисбати онҳо ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ татбиқ гардидааст. Вале ягон омори мушаххас наовард.

Камбизоатӣ чӣ гуна муайян карда мешавад?

Ба иттилои намояндаи вазорат, барои таъин кардани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ нишондиҳандаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: маълумотнокии сардори хонавода, шуғли сардори оила, доштани воситаи нақлиёт, воситаҳои техникӣ, чун компютер, ҳайвонҳои хонагӣ аз қабили гов, барзагов, гӯсфанд буз, доштани яхдон, кондитсионер, плитаи газӣ ва барқӣ, ҳаммом, инчунин, нав ё дар давоми сол таъмиршуда будани ҳолати манзил, манбаи оби нӯшокӣ, антенаи радифӣ, сӯзишворӣ барои тайёр кардани ғизо, ангишт ва як қатор шохиси дигар.

Аммо ӯ таъкид кард, ки дар лоиҳаи нави шохиси вазъи некӯаҳволии аҳолӣ барои таъини кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дигар мешавад, зеро баъзе аз индикаторҳо ҳоло наметавонад меъёр бошад.

Дар бораи он ки кадом оилаҳо камбизоат дониста мешаванд ва равиши муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.