Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон нисбати як корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ба гирифтани 20 ҳазор доллар аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани як шахс гумонбар мешавад. Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубороиза бо коррупсия аз ин нафар Назаров Ф.З, ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши […]

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон нисбати як корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ба гирифтани 20 ҳазор доллар аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани як шахс гумонбар мешавад.

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубороиза бо коррупсия аз ин нафар Назаров Ф.З, ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ин корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон “бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х.М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М.К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсолоти кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, маблағи умумии 20 000 доллари ИМА-ро талаб карда гирифтааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин корманди ҳифзи ҳуқуқ баъди гирифтани маблағ ба манфиати шаҳрванд ягон кор анҷом надодааст.

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии зиддифасод нагуфтааст, ки Назаров Ф.З боздошт шудааст, ё не.  Ҳамчунин, маълум нест, ки худи ӯ дар робита ба ин ҳодиса чӣ назар дорад.

Мақомот мегӯянд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” (моддаи 247, қисми 4, банди “б” КҶ) парванда оғоз гардида, пас аз тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба коррупсия дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) коррупсия бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. Мувоффиқи ин гузориш сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистон ҳамсон бо Афғонистон будааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.