Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?

Имсол ҷашни Наврӯз дар шимоли кишвар аз 21 то 31-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, 21-уми март соати 10:00 дар 8 шаҳру навоҳии Суғд – Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Мастчоҳ, Истаравшан, Зафаробод, Истиқлол ва […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Имсол ҷашни Наврӯз дар шимоли кишвар аз 21 то 31-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 21-уми март соати 10:00 дар 8 шаҳру навоҳии Суғд – Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Мастчоҳ, Истаравшан, Зафаробод, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд.

22-уми март, соати 10:00 дар 7 шаҳру навоҳӣ – Айнӣ, Ашт, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон  Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар шаҳри Исфара 31-уми март, дар деҳоти Лаккон, (Мавзеи нуқтаи пайванд)  Наврӯз  таҷлил карда мешавад.

Вақту соати баргузории Наврӯз дар маркази вилоти Суғд шаҳри Хуҷанд, ки дар назар аст бо ширкати президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шавад, маълум нест.

Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.

Дар ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст:

23-26 март – дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаҳои варзишӣ – сайёҳӣ (бо 55 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон) баргузор мешаванд.

25-27 март – дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи куштӣ (бо 67 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия) баргузор мегардад.

15-19 март – мусобиқаи байналмилалии теннис дар Хуҷанд (ҳанӯз идома дорад).

Зимнан, дар назар аст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои наврӯзӣ доир карда шаванд.
Илова бар ин, аз 15 то 21-уми март, дар кишвар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” низ гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио