spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ғолибони озмуни “Сайри гули лола” дар Душанбе муайян шуданд

Дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо – «Сайри гули лола» барпо гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ғолибони ҳама номинатсияҳои озмун бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10 000, 7 000 ва 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар зер ғолибону ҷоизадорони озмун аз рӯи номинатсияҳо.

Номинатсияи «Боғи беҳтарин»:

Зинаи 1-ум – Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳ. Исмоили Сомонӣ);

Зинаи 2-юм – Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» (Боғи устод  Рӯдакӣ);

Зинаи 3-юм – Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон».

Номинатсияи “Гулгашти беҳтарин”:

Зинаи 1-ум – Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ);

Зинаи 2-юм – Гулгашти хиёбони Исмоили Сомонӣ (ноҳияи Сино);

Зинаи 3-юм – Гулгашти назди муҷассамаи  Садриддин Айнӣ.

Номинатсияи “Кӯча ё хиёбони беҳтарин”:

Зинаи 1-ум – кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур);

Зинаи 2-юм – Хиёбони Рӯдакӣ (ноҳ. Исмоили Сомонӣ);

Зинаи 3-юм – Хиёбони Исмоили Сомонӣ (ноҳ. Сино).

Номинатсияи “Коомпозитсияи беҳтарин”:

Зинаи 1-ум – Мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ;

Зинаи 2-юм – Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»;

Зинаи 3-юм – МД «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ».

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Душанбе Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Сайри Гули лола”-ро соҳиб шуд

Номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин”:

Зинаи 1-ум – Гулпарвари МД «Боғи Ирам» Фирӯза Зоирова;

Зинаи 2-юм – Гулпарвари МД истифодабари роҳҳои ноҳияи Сино Гулдаста Амирова;

Зинаи 3-юм – Гулпарвари МД «Майдони истиқлол» Наврӯзҷон Ҳасанов.    

Ҳадаф аз баргузории озмун – баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ унвонмешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...