Таъсиси Шӯрои алоҳида барои пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст. Дар ин хусус қарори ҳукумат рӯзи 28-уми феврали соли 2025 содир шудааст, ки нусхаи онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст. Дар ин қарор омадааст, ки Шӯро мақоми машваратӣ дошта вазифааш ҳамоҳанг сохтани кори идораҳои давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар […]

Дар Тоҷикистон Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст. Дар ин хусус қарори ҳукумат рӯзи 28-уми феврали соли 2025 содир шудааст, ки нусхаи онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст.

Дар ин қарор омадааст, ки Шӯро мақоми машваратӣ дошта вазифааш ҳамоҳанг сохтани кори идораҳои давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.

Ҳамчунин, Шӯро муаззаф гардидааст, ки кори созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар робита ба пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо ҳамоҳанг кунад. Шӯро ба таҳияи пешниҳодҳо дар самти амаликунонии сиёсати давлатӣ дар бахши пешгирии зӯроварӣ дар оила, гузарондани мониторинг ва муайянкунии ҳолати ҷабрдидагон ва кӯмак ба онҳо низ вазифадор шудааст.

Ҳайати Шӯро аз раис, муовини раис, котиб ва аъзои Шӯро иборат будааст. Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон раиси Шӯрои пешгирии зӯроварӣ дар оила таъин шудааст. Бунафша Файзиддинзода,раиси Кумитаи кор бо занон ва оила муовини ӯ таъин гардидааст ва раисони вилоятҳо ва муовинонашон аъзои Шӯро мебошанд.

Дар қарор зикр шудааст, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба ҷаласаҳои Шӯро даъват шуда, пешниҳодҳояшон дар масъалаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ шунида мешавад. Вале аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба узвияти Шӯро шомил нашудаанд.

Тибқи қарор Шӯро дар як сол на камтар аз ду маротиба бояд ҷаласа гузаронад, вале дар ҳолатҳои зарурӣ имкон дорад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ баргузор кунад.

Зӯроварӣ дар оила, ки ба он бештар занон ҷабр мебинанд, яке аз мушкилоти хонаводаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои зӯроварӣ дар оила танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Мушаххасан, барои хушунати хонаводагӣ то 5 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда – 75 сомонӣ), яъне то 375 сомонӣ ҷарима ё ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон  давоми соли 2024-ум дар маҷмуъ, 3 ҳазору 200 арзу шикоят дар робита ба зуроварӣ ба ин ниҳод ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 148 ҳолат зиёд аст. Аз ин ҳисоб 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст. Ҳамчунин беш аз 550 мард барои хушунат ва зӯроварӣ нисбаташон ба кумита шикоят кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 61 ҳолат зиёд будааст.

Коршиносон мегӯянд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар баробари он, ки боиси пошхӯрии оилаҳо ва фоҷиаҳои инсонӣ мешаванд, ҳамчунин ба рӯҳияи кӯдакон таъсири ҷиддӣ мерасонад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.