Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ ба “Радои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард

Агентии ИМА оид ба расонаҳои глобалӣ (USAGM) сармоягузории “Радиои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард. Дар ин бора "Медуза" хабар медиҳад. Барқарор шудани маблағгузорӣ бар асоси қарори Додгоҳи федералии ҳавзавӣ дар Вашингтон, ки рӯзи 26 март аз “Радиои Озодӣ” ҷонибдорӣ намуд, сурат гириф. Ин расона аз болои қарори қатъи сармоягузорӣ аз сӯи USAGM шикоят карда буд.   Аз ҷумла, бо қарори додгоҳ, то […]

Агентии ИМА оид ба расонаҳои глобалӣ (USAGM) сармоягузории “Радиои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард. Дар ин бора "Медуза" хабар медиҳад.

Барқарор шудани маблағгузорӣ бар асоси қарори Додгоҳи федералии ҳавзавӣ дар Вашингтон, ки рӯзи 26 март аз “Радиои Озодӣ” ҷонибдорӣ намуд, сурат гириф. Ин расона аз болои қарори қатъи сармоягузорӣ аз сӯи USAGM шикоят карда буд.  

Аз ҷумла, бо қарори додгоҳ, то моҳиятан баррасӣ шудани даъво, ки ҳафтаҳои наздик доир мегардад, USAGM бояд аз чорабиниҳое, ки ба қатъи кори “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL)” равона шудаанд, худдорӣ кунад.

“Раҳбарияти USAGM бидуни асос наметавонад RFE/RL-ро ба қатъи кор  маҷбур созад, ҳатто агар президент чунин дастур дода бошад”, – ишора намудааст додрас.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 март супориш дода буд, ки фаъолият ва басти воҳидҳои корӣ (штат) дар ҳафт агентиҳои федералӣ ба таври назаррас коҳиш дода шавад.

Миёни онҳо Агентии ИМА оид ба расонаҳои глобалӣ (USAGM) ҳаст, ки якчанд корпоратсияи бузруги расонаҳои ИМА, аз ҷумла “Садои Амрико” (Голос Америки) ва “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ”-ро маблағгузорӣ мекунад.

Пас аз ин “Садои Амрико” корро боздошт ва ҳамаи ҳайати кормандони радио ба рухсатии маҷбурӣ фиристод.

“Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ” ба кори худ идома дод. Рӯзи 18-уми март корпоратсияи расонаҳо аз болои USAGM шикоят бурд, то қарор дар бораи сармоягузории RFE/RL-ро бекор кунад.      

RFE/RL аз соли 1950 фаъолият дошта, аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби Конгресси ИМА ҷудошуда тавассути Агентӣ оид ба расонаҳои глобалӣ маблағгузорӣ мешавад. Корпоратсияи расонаҳо нахуст дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва аз соли 1953 дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба фаъолият пардохт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.